Касруф, каструф (лот. Ferula eugenii) — рустаниест бисёрсолаи худрӯй.
Баландиаш то 1 м; пояи ғафс, барги мураккаби пармонанд, чатргули гетероморфӣ, гули зардтоби майда дорад. Дар тамоми умри худ як маротиба гулу мева (май — июн) карда, пас тамоман нобуд мешавад[2].
Фақат дар мавзеъи Кондараи водии дарёи Варзоб, дар нишебиҳои регу санглох ва алафзори шиблак (1200—1500 м аз сатҳи баҳр) вомехӯрад.
Пояи наврустаи онро (то гулшукуфт) ба монанди ров, рошак мехӯранд. Онро ғизои сервитамину доруворӣ (мушаҳҳӣ) меҳисобанд.