Jump to content

Ров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ferula tadshikorum)
Ров
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Ferula tadshikorum

Ров, рова, ровак, роба, реба (лот. Ferula tadshikorum) — гиёҳест бисёрсола мансуби ҷинси камол.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Решааш ғафси турбмонанд. Пояаш ғафси бунафш, то 1,8 м қад мекашад. Баргаш нарми бепашмак, пармонанди чок-чок, зуд хазон мешавад. Хӯшагулаш чатршакл, гулаш зард, мевааш байзашакл (дарозиаш 1,5 — 2 см, бараш то 1 см). Дар шароити табиӣ як бор гул (апрел — май) ва мева (июн — июл) медиҳад. Асосан дар Тоҷикистони Марказӣ ва ҷанубӣ (кӯҳҳои Рангинтоғ, ғозималик, Боботоғ, Сарсарак, қаротоғ, Санглох, Хоҷамӯъмин ва ғайра) мерӯяд. Бештар дар минтақаи алафзори нимсаванна, шиблақ, пиставу бодомзор, шулашзор, ҷойҳои регу санглох, камари кӯҳҳо, соҳили дарёҳо (то баландии 1800 м аз сатҳи баҳр) месабзад[2].

Ров хусусияти хуби ғизоӣ ва доруӣ дорад. Дар гузашта решаи ровро майда карда, ба он каме орди гандум, ҷав ё боқило илова намуда нони рова мепухтанд. Аз решаи он талқон ва бо тут тутпӯсти ровагӣ тайёр мекарданд. Ҳоло пояи наврустаи онро чун сабзавот мехӯранд. Пояи ров бӯи тез дорад. Бӯй ва талхии он дар ҳарорати баланд нест мешавад.

Хосиятҳои шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тибби халқӣ ровро барои табобати иллати ҷигару меъда ва паст нишондани ғалаёни хун тавсия медиҳанд. Рустании иштиҳоовар, тақвиятбахши узв-ҳои ҳозима ва киҷҷарон аст, бехи онро дар оташ пухта, ба дунбал ва ҳафтпӯст мебанданд. Пояи наврустаи он 52,9 — 86,5 мг% витамини С, 9, 37 — 19,88 % қандҳои ҳалшаванда (аз он ҷумла 2,58 — 3,83 % сахароза), 13,60 — 21,01 % протеин, 0,70 — 4,37 % равған, 8,17 — 14,20 % хокистар дорад. Баргаш (22,75 % протеин, 18,25 % сафеда, 1,1 % қандҳои ҳалшаванда, 12,81 % селлюлоза, 3,3 % равған дорад) хӯроки хуби чорвост. Онро буз, гӯсфанд, гов нағз мехӯранд. Дар мевааш моддаҳои фаъоли биологӣ ва 0,6 % равғани эфир ҳаст.

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  2. Энсиклопедияи мухтасари тиб. Ҷилди IV. — Душанбе: СИЭМТ, 2012. — C. 91. — 504 с. — ISBN 978-99947-33-46-0.