Litecoin
Навъ | рамзарз, free and open-source software[d] ва занҷираӣ блокӣ[d] |
---|---|
Муаллиф | Charlie Lee[d] |
Навишташуда дар | C++ |
Нахустин нусха | 7 октябр 2011 |
Охирин нусха | |
Иҷозатнома | MIT License[d][2] |
Вебгоҳ | litecoin.org |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Litecoin (аломат: Ł) - ин қисми ҷудошудаи Bitcoin, низоми пирингии электронӣ аст, ки рамзарзи ҳамномро истифода мебарад. Барои таъмини амалкунӣ ва ҳимояи низом усулҳои криптографӣ истифода мешаванд.[3][4]
Litecoin барои мубодила ба Bitcoin ё ки пулҳои оинӣ дар нуқтаҳои мубодилаи арзҳо, ҳамчунин барои пардохти электронии молҳо ё ки хизматрасониҳои фурӯшандаҳои омодаи қабули он истифода шуда метавонад.
Фарқият байни биткойнҳо ва лайткойнҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Litecoin ҷузъи ҷудошудаи дуюмини Bitcoin баъд аз Namecoin мебошад ва аз он танҳо фарқиятҳои ночиз дорад:
Дар блокчейни биткойн блоки нав дар ҳар 10 дақиқа пайдо мешавад, дар шабакаи лайткойн бошад, ин ҷараён ҳамагӣ 2,5 дақиқаро мегирад. Барои ҳамин, амалиётҳо дар шабакаи litecoin 4 маротиба зудтар ба амал меоянд, арзиши онҳо нисбати биткойн 3-5 пасттар аст.
Майнинги лайткойнҳо боз меистад, вақте ки миқдори умумии тангаҳои коркардшуда ба 84 млн расад. Миқдори ҳадди ақали биткойнҳо 4 маротиба камтар – 21 аст.[5]
Агар биткойн дар SHA-256 кор кунад, он гоҳ Лайткойн аз scrypt, ки аз ҷониби афсари бехатарии FreeBSD Колин Персивал коркард шудаст, истифода мебарад. Функсияи scrypt майнингро сабук мекунад.[6][7]
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Litecoin тавассути муштарӣ бо коди кушод дар GitHub санаи 13 октябри соли 2011 нашр шудааст.
Дар ноябри соли 2013 Litecoin ба капитализатсияи бозорӣ дар ҳаҷми 1 миллиард доллар расид.[8]
Дар оғози соли 2014 дастаи коркардкунандагони Litecoin алфа-версияи барномаи Android-ро интишор намуд.
Дар моҳи майи соли 2017 дар таъминоти барномавии Litecoin дастгирии SegWit фаъол карда шуд.[9]
Дар моҳи сентябри соли 2017 амалиётҳои аввалини атомарӣ гузаронида шуданд. Дар 4 рӯз амалиётҳо байни Litecoin ва Decred, Litecoin ва Vertcoin, Litecoin ва Bitcoin гузаронида шуданд.[10]
Дар августи соли 2021 капитализатсияи Litecoin 12,2 миллиард долларро ташкил дод.[11]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Release 0.21.3 — 2024.
- ↑ https://github.com/litecoin-project/litecoin/blob/master/COPYING
- ↑ Bitcoin P2P e-cash paper. metzdowd.com. 25 октябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ CFTC Statement on Self-Certification of Bitcoin Products by CME, CFE and Cantor Exchange. cftc.gov. 25 октябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Bitcoin vs Litecoin Guide. comparebrokers.co. 25 октябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Stronger key derivation via sequential memory-hard functions. tarsnap.com. 25 октябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Litecoin Miner Status. andykellett.com. 25 октябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 Декабри 2020.
- ↑ Crypto-Currency Bubble Continues: Litecoin Surpasses Billion Dollar Market Capitalization. forbes.com. 25 октябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Litecoin Successfully Activates SegWit. coindesk.com. 25 октябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ What is Atomic Cross-Chain Swap? How it websites?. steemit.com. 25 октябри 2021 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Litecoin price. coinmarketcap.com. 25 октябри 2021 санҷида шуд.