Made in Germany
Made in Germany (аз англ. — «Истеҳсоли Олмон») — тамғагузории маҳсулотҳое, ки дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон ё худ Германия истеҳсол шудаанд.
Аввалин тамғагузории ҳатмӣ дар дунё, ки маҳсулоти истеҳсоли ин ё он давлатро муайян мекунад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар охири асри XIX, дар кишварҳои пешрафтаи Аврупои саноатикунони рух дод. Ҳукумати Бритониё барои ҳимояи бозори худ ва истеҳсолкунандагонаш аз истеҳсолкунандагони молҳои дигар кишварҳо тамғагузории ҳатмиро барои молҳои истеҳсоли Олмон қабул кард. Бо ин роҳ бояд, ки истифода барандагон маҳсулотҳои истеҳсоли Олмонро шинохта, аз харидории молҳои рақиб даст кашанд. Дар ин бора дар қонун, ки дар соли 1887 қабул карда шуда буд, дарҷ гардидааст. Аммо тамғагузории «Made in Germany» ҳамчун рамзи сифат аз ҷониби истифодабарандагон қабул гардид ва рақибон бо мақсади гузоштаашон баракси ҳол, муштариёни маҳсулотҳои истеҳсоли Олмонро афзуданд.