Jump to content

Ришқаи боғӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Medicago sativa)
Ришқаи боғӣ
Ришқаи боғӣ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Medicago sativa L., 1753
Мутародифот

Ришқа (лот. Medicágo satíva), аспист, ришқаи боғӣ, ришқаи мазруъ, рушқаи боғӣ, юнучқаи боғӣ — рустании алафӣ, як навъе аз ришқа (Medicago).

Ҳамчун хӯроки чорво ба таври васеъ истифода мешавад.

Ришқаи боғӣ.
Тасвири гиёҳшинохтӣ аз китоби О. В. Томе «Flora von Deutschland, Österreich und der Schweiz», 1885

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пояаш сершох, баландиаш 70 — 100 (баъзан 150) см. Баргаш дарозрӯяи себарга, мевааш ғилофаки досшакл. Тухмаш гурдашакл, зард ё зардтоби бӯр. Ришқа тиррешаи бақувват дошта, ба хок 5 — 10 м чуқур меравад.

Ришқа хӯроки хуби чорвост. Протеини ҳозими ришқа назар ба рустаниҳои хӯшадор 2,5 — 3 баробар зиёд аст. Ришқаро дар Осиёи Марказӣ тақрибан 5 ҳазор сол то м. мекоштанд. Тақрибан 2 — 2,5 ҳазор сол пеш аз м. онро ба Юнони қадим, Рум ва Африқои Шимолӣ бурдаанд. Минбаъд ришқа дар Аврупо, Амрикои Шимолию Ҷанубӣ ва Австралия маъмул шуд. Ришқакорӣ дар ИМА, Аргентина ва Ҳиндустон вусъат ёфтааст.

Хосияти шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ришқа рустании доруӣ мебошад. Бо ақидаи табибони мардумӣ мизољи он дар дараљаи якум гарм ва тар аст. Агар ришқаро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, қувваи боҳ мебахшад, вале дамиш меорад. Ришқаро кӯфта, бо асал хамир сохта гузошта банданд, варамҳои сардро таҳлил медиҳад; бо сирко сиришта гузошта банданд, варами гармро мегардонад. Дар давогӣ тухми ришқа назар ба дигар қисмҳои он қавитар аст, вале хосияти қабзкунандагӣ дорад. Агар онро бихӯранд, манӣ ва шир пайдо мекунад, баданро фарбеҳ месозад, ҳайзро меравонад, барои дуруштии узвҳои сина ва сурфа дору мешавад.

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  • Зоҳидова ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.