Oriflame
Oriflame | |
|---|---|
| | |
| | |
| Навъ | multi-level marketing company[d] |
| Таъсисёбӣ | 1967 |
| Бунёнгузорон | Jonas af Jochnick[d] ва Robert af Jochnick[d] |
| Макон | |
| Бахш | санъати лавозими ороишӣ[d] |
| Сайт | Хатои Lua: expandTemplate: template "ref-id" does not exist. |
Oriflame Holding AG (талаффузаш: Орифлейм) — ширкати шведию швейтсарӣ мебошад, ки ба таҳия, истеҳсол ва фурӯши воситаҳои нигоҳубини пӯст, гигиенаи шахсӣ, атр (парфюмерия) ва косметикаи ороишӣ, маҳсулоти ғизои солим ва лавозимот (аксессуарҳо) ихтисос ёфтааст.
Аз соли 2004 инҷониб ширкат дар Люксембург бо номи Oriflame Cosmetics S.A. ба қайд гирифта шуда буд ва то соли 2015 саҳмияҳои он дар биржаи Стокголм (NASDAQ OMX Nordic) муомила мешуданд. Дар соли 2015 ширкат гурӯҳи асосии худро азнавсозӣ карда, макони сабти номашро аз Люксембург ба Швейтсария (аз рӯи макони ҷойгиршавии воҳидҳои молиявию ҳуқуқӣ) иваз намуд ва номи худро низ дигар кард. Аз июли соли 2015 дар биржаи NASDAQ OMX Nordic саҳмияҳои ширкати Oriflame Holding AG гардиш мекунанд.
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Марказҳои таҳияи маҳсулоти ширкат дар шаҳрҳои Стокголм ва Дублин ҷойгиранд. Тибқи маълумоти ширкат, он дар 60 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дорад[1] ва маҳсулоти худро тавассути сомонаҳои интернетӣ ва каталогҳои мунтазам навшаванда пешниҳод менамояд. Ширкати «Орифлейм» бо усули фурӯши мустақим (фурӯши маҳсулот мустақиман тавассути онлайн ё офлайн, тавассути машваратчиён — шарикони ширкат) фаъолият мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Annual Report 2022. Oriflame. 22 Январ 2026 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 марти 2024.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- сомонаи расмии Бойгонӣ шудааст 6 августи 2012 сол.