Jump to content

Берсим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Trifolium alexandrinum)
Берсим
Себаркгаи мисрӣ
Гулҳо
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Trifolium alexandrinum L.

Берсим, ё себаргаи мисрӣ (лот. Trifolium alexandrinum) — гиёҳи яксола аз оилаи лубиёиҳо.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пояаш рост, 40-70 см қад мекашад (бехи поя бебарг аст). Баргаш дарозрӯя (дарозиаш 3-5 см, бараш 1-1,5 см), мӯякдор. Гултӯдааш хӯшанамо, гулаш сафеди зардчатоб (9-10 гардбарга дорад); косабаргаш махрутшакл (дарозиаш 1 см), аз берун бо мӯяки зич пӯшида шудааст. Мевааш ғилофаки байзашакл. Нимаи аввали тобистон гул карда мева мебандад.

Берсим зироати хӯроки чорво аст. Онро соле чанд маротиба медараванд. Берсим дар Миср, Марокаш, Тунис, Ҳиндустон, Итолиё, Фаронса ва диг. кишварҳо мерӯяд. Онро дар Осиёи Хурд, Миср, Алҷазоир, соҳилҳои баҳримиёназаминии Аврупо, ноҳияи пахтакори Осиёи Марказӣ, Қафқози Шимолӣ, Украина ва ғайра чун зироати хӯроки чорво кишт мекунанд. Дар Тоҷикистон дар водии Вахш, ноҳияи Панҷ ва баъзе ноҳияҳои дигар кишт карда мешавад. Меъёри кишти тухмӣ 20-25 кг/га. Моҳи май гул карда (баъди 40-45 рӯз) тухм мебандад. Берсимро аз моҳи май то сент. 2-3 маротиба даравида, аз ҳар га 500—650 сентнер алафи сабз ё 100—130 сентнер хошок, 2,5-6 сентнер тухмӣ мегиранд. Хошоки берсим 15-16 % протеин ва 3-6 % равған дорад.

  • Зироатҳои хӯроки чорво дар Тоҷикистон. Д., 1965;
  • Возделывание клевера александрийского в Кировабад — Казахской зоне Азербайджана// Селекция и семеноводство. Красноярск, 1990;
  • Власенко Н. Г., Власенко А. Н. (ва диг.). Сорные растения и борьба с ними при возделывании зерновых культур в Сибири. Новосибирск, 2007