Jump to content

Абдуллоҷон Орипов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллоҷон Орипов
Абдуллоҷон Орипов
Таърихи таваллуд 5 июн 1947(1947-06-05) (77 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ДДТ ба номи В.И.Ленин

Абдуллоҷон Орипов - (6 феврали соли 1941, деҳаи Румони ноҳияи Хуҷанд) - иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1987), профессор (1988). Аълочии маорифи халқи ҶТ (1991). Дорандаи унвони олии мақомоти андоз «Мушовири куллии мақомоти давлатии андози ҶТ» (1993).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дастпарвари ДДТ ба номи В.И.Ленин (1963). Сариқтисоддони шуъбаи ташкили илмӣи кори совхозтехникуми ноҳияи Мастчоҳ (1963-1966), ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсӣ (1966-67), аспиранти ДДТ ба номи В.И.Ленин (1969-1970), сармуаллим (1968-1972), дотсенти кафедраи иқтисоди сиёсӣ (1972-1973), декани факултаи курсҳои тайёрӣ (1973-1975), ноибректори ДДТ ба номи В.И.Ленин (1975-1991), декани факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1991-1992), мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (1992), сардори Кумитаи давлатии гумруки ҶТ (1992-1996), ноибректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (аз с.1997). Вакили Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000).

Муаллифи зиёда аз 170 мақолаи илмӣ ва илмии оммабоб оид ба масоили мухталифи сиёсати андози ҶТ.

  • Хоҷагии шахсии ёрирасон ва истеъмоли аҳолӣ. - Душанбе, 1984:
  • Производство, доходы, потребление. - Душанбе, 1989:
  • Уровень жизни поколения. - Душанбе, 1979:
  • Ислохоти андоз ва таъмини аҳоли. - Душанбе, 1993.[1]