Абонемент
Абонемент — аз фаронсавӣ abonnement – ба ягон чиз обуна шудан), ҳуҷҷатест, ки ба муддати муайян аз китобхона, театр, майдони яхмолакбозӣ, ҳавзи оббозӣ, телефон, нақлиёт ва ғайра истифода бурданро таъмин мекунад.
Абонемент дар кори китобхона
[вироиш | вироиши манбаъ]1)Абонемент дар кори китобхона шакли хидматрасонӣ ба хонандагон, ки ҳуқуқи истифодаи асарҳои нашршуда ва дигар захираҳои берун аз китобхонаро медиҳад. Абонементи китобхона ройгон аст. Хонандагон бояд китобро эҳтиёт карда, дар вақти муайяншуда баргардонанд;
шуъбаи китобхона
[вироиш | вироиши манбаъ]2) шуъбаи китобхона, ки адабиётро барои хона медиҳад. Абонемент ба китобдор барои таъсири педагогӣ расондан ба қироати хонандагон, омӯзиши дархосту рағбати онҳо, ёрӣ расондан дар интихоби китоб имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад. Вобаста аз хусусияти вазифавӣ Абонементро ба навъҳои зерин ҷудо мекунанд:
Абонементи фардӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Абонементи фардӣ – бевосита ба хонандагони китобхона хидмат мерасонад; Абонементи коллективӣ – талаботи ташкилотҳоро қонеъ мегардонад; Абонементи ғоибона – китобҳоро бо почта ирсол мекунад;
Абонементи байникитобхонавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Абонементи байникитобхонавӣ – тавассути он китобхона маҳсулоти чопии надоштаашро ба муддати муайян аз дигар китобхонаҳо талаб карда мегирад; Абонементи байналхалқӣ – барои аз китобхонаҳои давлатҳои хориҷӣ дастрас кардани китобҳои зарурии дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ набуда хидмат мекунад. Бо мақсади самаранокии кори китобдорҳо ва хидматрасонӣ ба хонандагон шаклҳои мухталифи Абонемент истифода мешаванд:
Абонементи умумӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Абонементи умумӣ – китобдор барои хидматрасонӣ ба хонандагон тамоми амалҳоро иҷро мекунад, ки ин хоси китобхонаҳои хурд аст; Абонементи вазифавӣ – ҳар як китобдор вазифаи муайянеро иҷро мекунад (ба китобхона обуна кардан, ба хонандагон маслиҳат додан, ба расмият даровардани додани китоб ва ғайра);
Абонементи гурӯҳӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Абонементи гурӯҳӣ – хонандагонро аз рӯи синну сол, маълумот, касбу ҳунар ба гурӯҳҳо тақсим мекунанд, ба гурӯҳҳо китобдорони мутасаддӣ хидмат мерасонанд. Абонементи соҳавӣ – дар он хазинаи китобҳо аз рӯи соҳаҳо байни китобдорон тақсим карда мешавад ва китобҳоро аз ҳамин шуъбаҳо гирифтан мумкин аст.
Шаклҳои Абонемент
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаклҳои Абонемент метавонанд тавъам бошанд (гурӯҳӣ бо вазифавӣ, соҳавӣ бо гурӯҳӣ ва вазифавӣ ва ғайра). Дар китобхонаҳои илмӣ, махсус, мактабҳои олӣ ва дигар китобхонаҳо «Абонементи китобҳои илмӣ» ва « Абонементи хонагӣ» мавҷуданд, ки ба куҳансолону маъюбон китобҳоро дар хонаашон дастрас мекунанд. Абонементи махсус аз рӯи намуди нашрияҳо ташкил карда мешавад (адабиёти хориҷӣ, адабиёти миллӣ, адабиёти нотавию мусиқавӣ, сабтҳои овоз ва ғайра). Аз рӯи миқдор, муҳлати яквақта додани китобҳо ва вақти истифода Абонемент метавонад ҳаддор (лимитӣ) бошад. Дар бисёр китобхонаҳо дастрас намудани Абонемент озод аст. Соҳибони Абонементи театрӣ, ки пештар онро харидаанд, барои истифодаи ҷой дар театр (толори консертӣ), дар намоишномаҳои аниқшуда ҳуқуқ доранд. Интихоби Абонементи барномаҳои театрӣ ва консертӣ барои гурӯҳҳои гуногуни шунавандагон дар тарбияи бадеӣ аҳамияти бузурги таълимӣ дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.