Аврора (киштӣ)
«Аврора» − киштии зиреҳпӯши (крейсери) ҳарбии флоти Балтика, ки бо иштирокаш дар Револютсияи Октябр машҳур гардид.
Сохтумон ва таърихи Аврора
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1903 сохта шудааст. Дар ҷанги Россияву Япония (1904 –1905), дар муҳорибаҳои солҳои 1914 – 1918-и Ҷанги якуми ҷаҳонӣ иштирок карда, пас аз он дар Петроград дар таъмир буд. Дар давраи Револютсияи (28. 2. 1917) маллоҳони шӯришбардоштаи киштӣ ба тарафи болшевикон гузаштанд. Шаби 25. 10. 1917 садои тӯпи «Аврора» барои ҳуҷум ба Қасри Зимистонӣ ишора дода, барои ба маркази шаҳр дохил шудани Гвардияи Сурх роҳ кушод. Десанти «Аврора» дар шӯриши яроқноки Октябр фаъолона иштирок кард. Солҳои 1941 – 1945 чун казармаи рӯиобии маллоҳон истифода шуда буд. Аз 17 ноябри 1948 дар дарёи Нева наздики шаҳри Санкт-Петербург чун ёдгории Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр нигоҳ дошта мешавад. Аз соли 1957 «Аврора» филиали Музейи марказии флоти ҳарбӣ гардид. Солҳои 1984 – 1987 бо мақсади барқарор намудани намуди зоҳирии Аврора киштӣ тармими таҷдидӣ карда шуд. «Аврора» дар айни ҳол киштии таълимии Омӯзишгоҳи ҳарбии ба номи Нахимови Санкт-Петербург мебошад. Дар музейи «Аврора» сӯзание, ки дар он акси В. И. Ленин тасвир ёфтааст (амали З. Баҳриддинова) ҳамчун туҳфаи халқи тоҷик то ҳол маҳфуз аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Аврора» // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.