Аксиома
Аксиома (юн.-қад. ἀξίωμα – ҳукми қабулшуда, аз axioo – қобили қабул меҳисобам), мусаллама, муқаррароте, ки дар чорчӯбаи назария ё консепсияи муайян бе исбот қабул карда мешавад ва минбаъд барои исботи муқаррароти дигари ин назария ё консепсия ба сифати асос хидмат мекунад. Одатан, ба сифати аксиома чунин муҳокимаҳои назарияи тадқиқшавандаро интихоб мекунанд, ки ё ҳақиқати маҳзанд, ё дар доираи назарияи мазкур ҳаққанд. Истилоҳи аксиома дар Юнони Қадим ба вуҷуд омада, бори нахуст дар асарҳои Арасту вомехӯрад, минбаъд ба воситаи асарҳои пайравони Уқлидус (Евклид) устуворона ба геометрия ворид шудааст. Дар асрҳои миёна ҳукмронии фалсафаи Арасту боиси ба соҳаҳои дигари илм ва ҳаёти ҳамарӯза ворид гардидани ин истилоҳ гардид. Бо истилоҳи «аксиома» муқарраротеро ишора мекардагӣ шуданд, ки бинобар возеҳу равшан буданашон ба ҳеч гуна исбот ниёз надоранд. Моҳияти ин возеҳиятро бино ба ақидаи Афлотун, дар фитрӣ будани ҳақиқатҳои асосӣ (монанди Аксиомаҳои математикӣ) медиданд. Тадқиқоти Кант дар бораи априорӣ будани аксиомаҳои математикӣ (яъне онҳо нисбат ба ҳама гуна таҷриба муқаддам буда, ба он вобаста нестанд) ба чунин ақидаҳо оид буд. Маҳз таҷрибаи бисёрасраи инсоният, амалия ва инкишофи илм возеҳияти аксиомаро собит кард ва ҳамчун ҳақиқат ба исбот ҳоҷат надорад. Тасдиқот дар асоси аксиома теорема номида мешавад. Шартан аксиома низ ба гурӯҳи теоремаҳо дохил мешавад. Мисолҳои гуногун, вале баробарқувваи аксиомаҳоро дар мантиқи математикӣ ва геометрияи Уқлидус вохӯрдан мумкин аст. Аксиомаҳо ҳамчун «нуқтаи сарҳисоб» барои бунёди илми дилхоҳ истифода мешаванд, дар айни замон исбот карда намешаванд, балки бевосита аз мушоҳидаи таҷрибавӣ бармеоянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.