Алгол
Таърихи таъсис | 1958 |
---|---|
Номи расмӣ | англ. Algorithmic Language |
Номи кӯтоҳ | ALGOL |
Нашр(ҳо) ё тарҷума(ҳо) | ALGOL 58[d], ALGOL 60[d] ва Алгол 68 |
Пазируфтаи асари | Фортран |
Парадигми барноманависӣ | procedural programming[d], structured programming[d] ва imperative programming[d] |
Тарроҳ | Friedrich L. Bauer[d], Hermann Bottenbruch[d], Heinz Rutishauser[d], Klaus Samelson[d], John Backus[d], Charles Katz[d], Alan Perlis[d], Joseph Henry Wegstein[d], Peter Naur[d], Bernard Vauquois[d], Adriaan van Wijngaarden[d], Julien Green[d] ва John McCarthy[d] |
Тавзеҳот дар сомонаи |
tapor.ca/tools/487(англ.) marketplace.sshopencloud.eu/…(англ.) |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Алгол (англ. Algol аз algorithmic) — забони алгоритмие, ки дар барномасозӣ истифода мешавад.
Алгоритмҳое, ки бо ин забон навишта шудаанд, ба забони (ё аниқтараш барномаи) компютерҳои гуногун ба воситаи транслятор (тарҷумони)-и махсус ворид карда мешаванд.
Таърихи забони алгоритмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Корҳои марбут ба сохтани забони алгоритмӣ солҳои 1955 – 1956 дар ШМА аз ҷониби Ассотсиатсия оид ба техникаи ҳисоббарорӣ (АСМ) ва дар Аврупо аз ҷониби Ҷамъияти германиявӣ оид ба математикаи амалӣ ва механика (GAMM) оғоз гардида буданд. Соли 1958 ACM ва GAMM гузориши муштараки худ ро оид ба забони алгоритмӣ омода сохта, онро АЛГОЛ-58 ном гузоштанд. Моҳи январи 1960 дар Конференсияи байналмилалии Париж пас аз муҳокимаи васеъ намояндагони ҳафт давлат – ШМА, Ҷумҳурии Федералии Германия, Англия, Франсия, Дания, Нидерландия ва Швейтсария лоиҳаи такмилдодашудаи забонро қабул карда, онро АЛГОЛ-60 номиданд.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.