Jump to content

Атласи ҷуғрофиёӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Атлас - шоҳи афсонавии Либиё
Атлас - шоҳи афсонавии Либиё

Атласи ҷуғрофиёӣ — маҷмӯаи мураттаби харитаҳои ҷуғрофиёӣ, ки дар шакли китоб ё албом нашр шудааст. Бори нахуст номи «Атлас»-ро харитасоз Меркатор соли 1595 ба шарафи Атлас – шоҳи афсонавии Либиё, ки гӯё глобуси аввалини осмонро сохтааст, истифода бурд. Атласҳои ҷуғрофиёӣ аз рӯи мазмун, таъйинот ва ҳаҷм гуногунанд. Онҳо ба атласҳои дунё, мамлакатҳои алоҳида, вилоят, кишварҳо, Атласҳои умумии ҷуғрофиёӣ, Атлас – харитаҳои махсус, атласҳои мураккаб (ҷомеъ), сайёҳӣ, сафарӣ ва ғайра ҷудо мешаванд. Атласи мураккаб – «Атласи ҶШС Тоҷикистон» («Атлас Таджикской ССР») таҳти роҳбарии узви пайвастаи АИ ҶШС Тоҷикистон И. Қ. Нарзиқулов соли 1968 ба табъ расидааст. Соли 2010 дар назди АИ ҶТ Сарредаксияи «Атласи миллии Тоҷикистон» таъсис ёфт, ки вазифаи он нашри нави пурраи «Атласи миллии Тоҷикистон» бо дар назар доштани дигаргуниҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таърихии давлат дар солҳои истиқлол аст.[1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.63
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: