Аффикс
Áффикс (лот. affixus – пайвастшуда, часпида) — ҳиссаҳои ёрирасони калимасоз, ки дорои маънои грамматикӣ буда, ба аввал, мобайн ва ё охири реша пайваст шуда маънову сохти онҳоро тағйир медиҳанд. Аффиксҳо пеш аз решаву асос оянд, пешванд (префикс; ҳам-дил, бо-шукӯҳ, бе-мағз, дар-омад, фур-овардан), дар мобайн миёнванд (интерфикс: гуфт-у-гӯ, гир-у-дор, дав-о-дав) ва дар охир пайваст гарданд, пасванд (суффикс: амон-ӣ, шавқ-манд, чӯб-ин, гул-истон) ном доранд. Навъи дигари аффикс миёнванд (инфикс) мавҷуд аст (масалан дар забони англисӣ sta-n-d – истодан масдар буда, бе миёнванди n – stood маънои «меистод»-ро мефаҳмонад) ва ин дар забони тоҷикӣ маъмул нест. Аффикс вобаста ба хусусияти маъносозӣ калимасоз (ҳам-фикр, бо-шараф, ҳалво-гар, сабз-иш, хирад-манд) ва шаклсоз (би-гуфт, ме-гуфт, корд-ча, каду-ча, чӯб-ак) шуда, баъзе аффиксҳо ҳам маънои луғавӣ ва ҳам маънои грамматикии решаро тағйир медиҳанд. Масалан: сӯз-он, даҳ-а, но-дон, сиёҳ-ӣ. Дар мавриди муайян намудани вазифаи маъносозию шаклсозии аффикс ба хусусияти маъноии онҳо дар дохили реша ё асос диққат бояд дод, зеро як зумра аффиксҳо шаклсоз бошанд ҳам (хоҳар-ча, одам-ча, кабуд-ча), хосияти калимасозӣ низ доранд (бози-ча, ало-ча, қалам-ча). Аффиксҳо дар забон вазифаҳои муҳимми луғавию грамматикиро адо намуда, аз рӯйи дараҷаи калимасозӣ дар забони муосир ба гурӯҳҳои сермаҳсул, каммаҳсул ва бемаҳсул ҷудо мешаванд.
1. Аффиксҳои сермаҳсул аз рӯйи қолаби муайяни калимасозӣ миқдоран калимаҳои бисёр месозанд: ҳам-, бо-, бе- ва ғайра
2. Аффиксҳои каммаҳсул доираи калимасозии нисбатан танг доранд ва калимаҳои бисёр сохта наметавонанд: бар-, фур-, дар-.
3. Аффиксҳои бемаҳсул танҳо бо якчанд калима омада, хусусияти қадимӣ доранд, аз давраҳои пеш то кунун ду–се калима сохтаанд: -ур (ранҷ-ур, музд-ур, ганҷ-ур).[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.129 / С. Ҳошимов.