Байкал
Макон | |
---|---|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Байка́л (бур. Байгал далай, бойкӯл яъне кӯли бой) — кӯле дар Русия, дар ҷануби Сибири Шарқӣ, ҳудуди Бурятистон ва вилояти Иркутск.
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Сатҳаш 31,5 ҳазор км². Тӯлаш 636 км, бараш, ба ҳисоби миёна, 48 км, ҷойи аз ҳама сербараш қариби 80 км. Кӯли жарфтарини дунё, ҷойи аз ҳама амиқаш дар мобайни кӯл 1620 м. Ҳаҷми об 23000 км3. Қариб 20%-и захираи оби ширин (бенамак)-и ҷаҳонро ташкил медиҳад. Масоҳати ҳавзааш қариб 600 ҳазор км². Ба Байкал 336 дарёву дарёчаҳо мерезанд (аз ҷумла, Селенга, Баргузин, Ангараи Боло), аз он фақат дарёи Ангара ҷорӣ шуда, ба дарёи Енисей мерезад. 27 ҷазира дорад, ки калонтаринашон Олхон (қариб 730 км²) ва Ушканийи Калон (9,4 км²)-анд. Дар баландии 456 м аз с. б. ҷойгир буда, аз чор тараф қаторкӯҳҳо иҳота кардаанд, ки баландиашон то 2800 м мерасад. Халиҷҳои калонтарини Байкал — Баргузин ва Чувиркуй. Обаш фавқулода шаффоф (то 40 м), миқдори умумии намакаш аз 150 мг/л зиёд нест.
Иқлим
[вироиш | вироиши манбаъ]Иқлими атрофи кӯл континентӣ — зимистонаш хунук (ҳарор. миёнаи ҳавои янв. — февр. тақр. −19°С), тобистонаш гарм (моҳи авг. то +20°С). Олами ҳайвоноту набототаш ғанӣ буда, қариб 2600 навъро ташкил медиҳад. Зиёда аз 50 навъ моҳӣ дошта, дар ҳудуди он асосан, омул, хариус, ленон, таймен шикор мекунанд. Байкал кӯли киштигард буда, дар атрофаш корхонаҳои коғаз, киштисозӣ, истихроҷи маъдан, консерваи моҳӣ фаъолият доранд. Дар соҳилаш шаҳрҳои Слюдянка, Байкалск, Байкали Шимолӣ, Бабушкин ҷойгиранд. Байкал минтақаи муҳимми сайёҳию фароғатӣ мебошад. Дар асоси чашмаҳои гарм (43-53°С) осоишгоҳҳои балнеологии Горячинси ва Хонус амал мекунанд, ки барои муолиҷаи узвҳои ҳаракат, силсилаи асаб, пӯст, узвҳои занона ва ғ. муфиданд. Дар гирду атрофи Байкал боғҳои миллӣ ва мамнӯъгоҳҳо мавҷуданд, ки ба рӯйхати иншооти Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО («Кӯли Байкал») ворид гардидаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Морфометричні дані озера Байкал — 2002.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Байкал // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — С. 266. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Байкал дар Викианбор |
- Байкал / С. И. Шапоренко, М. Н. Шимараев // Анкилоз — Банка. — М. : Большая российская энциклопедия, 2005. — С. 659—661. — (Большая российская энциклопедия : [в 35 т.] / гл. ред. Ю. С. Осипов ; 2004—2017, т. 2). — ISBN 5-85270-330-3.
- Озеро Байкал (физическая карта, масштаб 1:1 250 000) // Национальный атлас России. — М.: Роскартография, 2004. — Т. 1. — С. 248—249. — 496 с. — 3 000 экз. — ISBN 5-85120-217-3.
- озеро Байкал.инфо Бойгонӣ шудааст 2 августи 2017 сол. — информационный сайт о Байкале
- Природа Байкала
- Байкал на сервисе Яндекс.Панорамы
- Проект «Озеро Байкал» Бойгонӣ шудааст 14 октябри 2010 сол. // Гринпис
- Объект Всемирного наследия ЮНЕСКО «Озеро Байкал» на сайте Фонда «Охрана природного наследия»
- Дигар мазмунҳо: саҳифаи мавҷуднабуда нишон дода шудааст
- Қуттӣ дар Геоқуттӣ: пур кардан: Ном
- Википедия:Мақолаҳои ҷуғрофӣ бе нишон додани кишварҳо
- Кӯлҳо аз рӯи алифбо
- Объектҳои обӣ ба тартиби алифбо
- ТАФ:ОО:Вироиши охирин: дар порсол
- Қуттӣ дар Геоқуттӣ: пуркунӣ: Минтақа
- Қуттии кӯл: Викидода: истифодаи хосият: рамзи РДО
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Баландӣ аз сатҳи баҳр: ишорашуда дар Викидода
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Масоҳат: ишорашуда дар Викидода
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Масоҳати обанбор: ишорашуда дар Викидода
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Дарозӣ: ишорашуда дар Викидода
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Бар: ишорашуда дар Викидода
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Ҳаҷм: указан в Викиданных
- Байкал
- Кӯлҳои Русия