Jump to content

Бандура

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бандура (под. bandura; юн. pandura – ситраи сетора), сози бисёртораи мизробии украинӣ. Бандура яке аз созҳои дӯстдоштаи мардуми Украина буда, дар ҳаёти консертии он мавқеи хос дорад. Бандура дар асри XVI пайдо шудааст. Косааш мудаввар ё байзашакли начандон амиқ. Дастааш кӯтоҳ, ба паҳлуи чапи коса васл шудааст. Дорои торҳои зилу бам буда, бо фосилаҳои кварта ва секунда ҷӯр карда мешавад. Торҳои бам аз болои гарданаи коса ба гӯшакҳои даста мустаҳкам мегарданд. Торҳои баландсадо (зал) нисбат ба торҳои бам кӯтоҳтар буда, ба гӯшакҳои ҳудуди болоии коса васл ва ба тарзи ғаммаи диотоникӣ ҷӯр карда мешаванд. Бо мизроб навохта мешавад. Солҳои 20 садаи XX Бандура такмил ёфта, торҳои он зиёд карда шуд. Бандураҳои прима, алт, бас, контрабас ба вуҷуд омаданд. Ин созҳо дар капеллаҳои бандуранавозон, инчунин дар оркестр ва ансамблҳои созҳои халқӣ ба кор бурда мешаванд. Бандураҳои ҳозираи консертӣ дорои 40 – 50 тор буда, ба тарзи хроматикӣ (нимпардагӣ) ҷӯр мешаванд. Оркестрҳои гуногун ва капеллаҳои бандурачиён ташкил шудаанд, ки маъмултаринаш капеллаи давлатии бандуранавозони Ҷумҳурии Украина мебошад.

  • Музыкальный энциклопедический словарь, М., 1990.