Jump to content

Баҳри Ҷануби Хитой

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳри Ҷануби Хитой
?
Характеристики
Наибольшая глубина5 560 м
Средняя глубина1 024 м
Ҷойгиршавӣ
Парвандаҳо дар Викианбор

Баҳри Ҷануби Хитой (мол. Laut China Selatan, вйетн. Biển Đông, чинӣ: 南海, Шаблон:Lang-tl, индон. Laut Cina Selatan) — баҳри нимкушод дар ғарби Уқёнуси Ором, назди соҳилҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, байни нимҷазираи Ҳиндухитой, ҷазираҳои Калимантан, Палаван, Лусон ва Тайван.

Масоҳаташ 3537 ҳазор м2. Умқаш 5560 м, ҳаҷми об 3928 ҳазор км3. Ба он д-ҳои бузурги Сисзян, Хонгха, Меконг, Менам мерезанд. Ҷаз. бузургтаринаш — Хайнан. Халиҷҳои бузургаш Бакбо (Тонкин) ва Сиам. Ҳарор. об февр. аз 200С дар Шим., то 270С дар Ҷ., авг. 28-290С. Шӯрии об-32-34 дарсад. Тобистон ва тирамоҳ зуд-зуд тӯфон мешавад. Мадди баҳр номураттаб, шабонарӯзӣ ва нимшабонарӯзӣ буда, баландии он то ба 4 м мерасад. Дар Б. Ҷ. Х. моҳиҳои тунес, шӯрмоҳӣ, сардина, самак, инчунин сангпушти обӣ, креветка ва харчанг зиёд аст. Бандарҳои Б. Ҷ. Х.: Бангкок (Таиланд), Хошимин, Хайфон (Вйетнам), Сянган (Гонконг), Гуанчжоу (Кантон), Шантоу (Хитой), Манила (Филиппин).


Шаблон:Баҳрҳои Уқёнуси Ором