Ҳенрӣ Бергсон
фр. Henri Bergson | |
Таърихи таваллуд | 18 октябр 1859[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 4 январ 1941[4][1][3][…] (81 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | фалсафа, метафизик, эпистемология, irrationalism[d], фалсафаи забон[d] ва philosophy of mathematics[d] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | докторӣ[d][8] |
Алма-матер | |
Шогирдон | Gabriel Marcel[d], Émile Bréhier[d], Louis Lavelle[d], Albert Thibaudet[d], Marcel Proust[d] ва Joseph Baruzi[d] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Анри́ Бергсо́н (фр. Henri Bergson; 18 октябри 1859, Порис — 4 январи 1941, ҳомон ҷо) — файласуфи фаронсавӣ, инкишофдиҳандаи ғояҳои спиритуализм (таълимоти идеалистии фалсафӣ, ки мабдаи рӯҳониро моҳияти олам ва тамоми моддиётро офаридаи Худо мешуморад), интуитивизм (ҷараёни фалсафии идеалистӣ, ки фаросатро ягона воситаи идрок меҳисобад) ва фалсафаи ҳаёт; узви Академияи Фаронса ва Президенти улуми ахлоқӣ ва сиёсӣ (1914), нахустин Президенти Комиссияи байналмилалӣ оид ба ҳамкории маънавии созмондодашуда дар чаҳорчӯбаи Лигаи Миллатҳо (1922—1924).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи литсейҳои Кондоре (1868-78) ва Клермон — Ферран (1883-88). Аз соли 1888 дар Париж зистааст. Солҳои 1900-04 профессор Колеҷ де Франс буд. Бергсон бар асоси анъанаҳои фалсафаи аҳди атиқа ва Давраи нав, ҳамчунин таълимоти намояндагони спиритуализми садаи 19 «метафизикаи позитивӣ»-ро созмон дод. Он имконияти дониши саҳеҳи фалсафӣ дар бораи оламро таъйид ва дар айни ҳол, чаҳорчӯби ратсионализми анъанавиро аз тариқи муроҷиат ба воқеияти мушаххаси таҷриба бартараф намуд.
Фалсафии Бергсон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғояи асосии фалсафии Бергсон — ғояи мудовамат (давомнокӣ, тӯли замонӣ)-и вақти психологӣ мебошад, ки моҳияти тафаккури инсон ва шахсияти ӯро ҳамчун махлуқи озоду эҷодкор ва инкишофёбанда арзёбӣ мекунад. Таълимоти мудоваматро ӯ дар асараш «Таҷриба дар бораи маълумоти бевоситаи тафаккур» (1889) ва дар асарҳои дигараш («Таҳаввули эҷодкорона», «Нерӯи рӯҳонӣ» ва ғайра) инкишоф дод. Дар таълимоти ӯ мудовамат на фақат асоси раванди рӯҳонӣ, балки асоси тамоми олами органикӣ ва мавҷудоти зинда низ қарор гирифт. Муқобилгузории «мудовамати воқеии замонӣ» ба замони муҷарради илм нуқтаи атфи (бозгашт) таълимоти дигар бунёдии Бергсон мебошад. Дар он Бергсон байни фаросат (интуитсия), ки мудовамат (ҳамчунин ба таври куллӣ рӯҳ)-ро дарк мекунад ва тафаккур — усули илмӣ, ки дониши дуруст дар соҳаи материяи ғайриорганикӣ медиҳад, фарқ гузошт.
Асари асосии давраи аввали фаъолияти фалсафии Бергсон (1889—1907) — «Таҳаввули эҷодкорона». Давраи дуюми фаъолияти эҷодии Бергсон (1907-32) таҳқиқи масъалаҳои ахлоқӣ ва динӣ мебошад. Масоили мазкур дар китоби «Ду манбаи ахлоқӣ ва динӣ» (1932) матраҳ шудаанд. Дар ин асар тасаввуроти қаблии таҳаввул (эволютсия)-и Бергсон бо ғояҳои сарбастаи (миститсизми) дини насронӣ ба таври хеле мураккаб мавриди таъсиру ҳамкории мутақобила қарор мегиранд, ки ин қазия манбаи асосии илҳоми Бергсон дар фаъолияти манбаъдааш қарор гирифтааст.
Бергсон на фақат ба инкишофи фалсафаи садаи 20, балки ба дигар соҳаҳои фарҳанг низ таъсири бузург гузошт. Дорандаи Мукофоти нобелӣ дар соҳаи адабиёт.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Essai sur les données immédiates de la conscience, 1889
- Matière et mémoire, 1896
- Le Rire, 1900
- Introduction a la metaphysique, 1903
- L'Évolution créatrice, 1907
- Les Deux sources de la morale et de la religion, 1932
Адабиёт дар бораи А. Бергсон
[вироиш | вироиши манбаъ]- Блауберг И. И. Анри Бергсон. — М.: Прогресс-Традиция, 2003. — 672 с. — ISBN 5-89826-148-6
- Блауберг И. И. Социально-этическое учение А. Бергсона и его современные интерпретаторы // Вопросы философии. — 1979. — № 10. С. 130—137.
- Бобынин Б. Н. Философия Бергсона // Вопросы философии и психологии. — 1911. — Кн. 108, 109.
- Лосский Н. О. Интуитивная философия Бергсона. — Пг.: Учитель, 1922. — 109 с.
- Свасьян К. А. Эстетическая сущность интуитивной философии Бергсона. — Ереван: АН АрССР, 1978.
- Ходж Н. Бергсон и русский формализм // Альманах «Аполлон». Бюллетень № 1. Из истории русского авангарда века. — СПб., 1997. С. 64—67.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ база данных Léonore (фр.) — ministère de la Culture.
- ↑ 3.0 3.1 Internet Philosophy Ontology project (ингл.)
- ↑ 4.0 4.1 4.2 Бергсон Анри // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 5.0 5.1 https://www.accademiadellescienze.it/accademia/soci/henri-louis-bergson (итол.)
- ↑ Список профессоров Коллеж де Франс
- ↑ Akendengué A. M. Promenades à Angers : les esprits d'Angers (фр.) — le lys bleu, 2020.
- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #118509578 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бергсон, Анри / М. Ҳазратқулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 18 октябр
- Зодагони соли 1859
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Зодагони Порис
- Даргузаштагони 4 январ
- Даргузаштагони соли 1941
- Даргузаштагони Порис
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо