Биссектриса

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Биссектри́саи кунҷ (аз лот. bi- «ду карат», ва sectio «мебурам») — хат (шуоъ)-е, ки аз қуллаи кунҷ гузашта, онро ба ду ҳиссаи баробар тақсим мекунад.

Биссектрисаи кунҷ маҷмӯи нуқтаҳоест, ки аз тарафҳои кунҷ дар масофаҳои баробар ҷойгиранд. Порчаи СС1, ки аз кунҷи секунҷа (АСВ) то тарафи муқобил (АВ) гузаронда шудааст, Биссектрисаи секунҷа номида мешавад. Ин порча тарафи муқобили секунҷаро ба порчаҳое, ки ба тарафҳои паҳлуӣ (АС ва ВС) мутаносибанд, тақсим мекунад. Биссектрисаҳои секунҷа (СС1, АА1 ва ВВ1) дар як нуқта (О) бурида мешаванд, ки маркази давраи дохили секунҷаи АВС мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]