Бодомча

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бодомча
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ

Бодомча (лот. Amygdalus spinosissima), сиёҳбодом, сиёҳхор, қарғанак — як навъ буттаи худрӯй.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

То 1-2 м қад мекашад; пӯстлохаш хокистарранги сиёҳтоб. Барги бедумчаи нештармонанд ё белчашакл, гули сурхи арғувонӣ ё гулобӣ (5-8-барга) дорад. Моҳҳои март — апрел гул карда, июн — июл мевааш мепазад. Дар нишебии кӯҳҳо (баландии 400—1400 м аз с. б.) мерӯяд.

Густариш[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар кӯҳҳои Копетдоғ ва Тиён-Шон, дар Эрон, Қурдистон, Осиёи Хурд, қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, ҷангалзорҳои ноҳияи Данғара васеъ паҳн шудааст. Дар бодомчазорҳо бисёр рустаниҳои муфид, мас., ҷорӯбак, ғеша, ров, камол, шибоғ, эфемерҳо, эфемероидҳо низ месабзанд.

Хосияти шифоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мағзи бодомча то 42 % равған дорад. Аз равғани бодомча табибон марҳам тайёр карда, барои табобати бемориҳои гӯш истифода мебаранд. Мағзи бодомча заҳрнок аст (амигдалин ном гликозид дорад). Ҳангоми таҷзияи амигдалин кислотаи сианид ҷудо мешавад. Ҳангоми заҳролудӣ сар дард кардаву дил беҳузур шуда, одам қай мекунад, гавҳараки чашмаш васеъ, набзаш суст, нафаскашиаш душвор мегардад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Флора Таджикской ССР. Т. 5. Л., 1975;
  • Запрягаева В. И. Лесные ресурсы Памиро-Алая. Л., 1976;
  • Жизнь растений. Т. 5 (2). М., 1981.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]