Вахиё
Водии Вахиё (Вахио) — гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон мебошад, ки дар қисмати ноҳияи Сангвор ва Дарвоз (д. Сағирдашт) ҷойгир аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар солҳои Шӯравӣ барои обёрӣ кардан ва истифодаи заминҳои вилоятҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлоб мардуми инҷо ба ҳамонҷойҳо муҳоҷири иҷборӣ шуда буданд. Инро дар номҳои деҳотҳои ҳамонҷойҳо ба мисоли Вахиё дидан мумкин аст. Дар соли 1873 Империяҳои Бритониё ва Русия ҳуҷҷаи дар бораи марз имзо карданд ва тибқи ин ҳуҷҷатҳо минтақаи Дарвоз, ки ба Вахиои Боло, Қалаи Хумб ва Ванҷ тақсим мешуд ба ҳайати Аморати Бухоро боқӣ монд. Дар солҳои аввали ҳукумати Шӯравӣ бисёре аз ҳаракатҳои зиддӣ-шӯравӣ дар ҳаминҷо сурат мегирифтанд. Дар вақтҳои гуногун ин минтақа ба вилоят ва округи Ғарм дохил буд.
Ҷойгиршавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин водӣ дар ҳавзаи дарёи Хингоб ва шохобҳои он — Оби Арзинг ва Оби Мазор, ки аз пиряхҳои Гандо, Гармо ва Федченко маншаъ мегиранд, дар байни қаторкӯҳҳои Пётри I ва Дарвоз ҷойгир аст. Водӣ аз Ғарб ба Шарқ, дар масофаи бештар аз 160 км тӯл кашида аст. Бештари мардумони ҳавзаи дарёи Хингобро вахёчӣ мегӯянд. Дар навбати худ водии Вахиё ба ду қисмат, яъне Вахиёи боло (аз Ҷари Бахт боло то охири водӣ) ва Вахиёи поён (аз Ҷари Бахт поён) ҷудо мешавад.
Водӣ аз маҳаллаи Сари Ҷар, воқеъ дар фосилаи 150 км шоҳроҳи Душанбе-Xopyғ cap шуда, қад-қади дарёи Хингоб, аз рост қаторкӯҳи Пётри I ва аз чап қаторкӯҳи Дарвоз ва аз деҳаи Сангвор, ки дар поёни он дарёи Хингоб аз ду шохоб — Оби Арзинг ва Оби Мазор cap мешавад, тӯл кашидааст. Қад-қади Оби Арзинг аз рост қаторкӯҳи Пётри I ва қад-қади Оби Мазор, аз чап қаторкӯҳи Дарвоз боз қаторкӯҳи дигар — Академияи илмҳо cap мешавад.
Дар якҷояшавии қаторкӯҳҳои Пётри I ва Академияи илмҳо қуллаи балантарин — қуллаи ба номи Исмоили Сомонӣ, баландиаш 7495 м воқеъ мебошад. Қаторкӯҳи Пётри I водии Вахиё ва водии Раштро ва қаторкӯҳи Дарвоз бошад, сарҳади байни водии Вахиё ва водиҳои Дарвозу Ванҷро ҷудо мекунад. Дар ҳавзаи дарёи Хингоб мувофиқи маълумотҳои оморӣ зиёда аз 17000 нафар одам сокинанд. Баъзе аз минтақаҳои ин водӣ ба ҳайати ноҳияи Дарвози ВМКБ ва аз мавзеи ҳавзи Кабуд поён ба ноҳияи Нуробод дохил мешаванд.
Кишоварзони ин водӣ ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла: боғдорӣ (себ, чормағз, нок, тут, олуча, гелос ва ғайра), ғаллакорӣ (гандум, ҷав, боқило, мушунг, арзан, зағир), сабзавоткорӣ (картошка, пиёз, каду, сабзӣ, бодиринг, помидор), чорводорӣ (гов, гусфанд, буз, асп ва ғайра), занбурпарварӣ ва ҷангалпарварӣ шуғл доранд.
Дар водии Вахиё рустаниҳои доругӣ, ба монанди зира, чойкаҳак, тхарч, зелол, хуч, чукрӣ, торон, ров, камол, меҳри гиёҳ, ҳазориспанд, кимиёкаҳак ва ғайра мерӯянд. Қад-қади ҳавзаи дарёи Хингоб канданиҳои зиёди фоиданок ва захираҳои зеризаминии гуногун мавҷуданд; аз ҷумла захираи ангишти Дараи Ҳайрон — Миёнаду ва Алисурхон, захираи намак дар Миёнаду, оҳан ва баъзе фулузоти ранга ба монанди тило, нуқра ва ғайра дида мешавад.
Олами ҳайвоноти ваҳшии ин водӣ аз ҳайвонҳои гуногун — гург, хирс, рубоҳ, гуроз, харгӯш, бузи кӯҳӣ, аз баъзе намудҳои гурбашаклон ва морҳои заҳрдору безаҳр, аз парандаҳо — кабк, каргас, уқоб, гунҷишк, майна, фароштурук, зоғ, ало шакшака (ғулба), чуғз ва ғайра иборат аст.
Дар дарёи Хингоб ва шохобҳои вай намудҳои гуногуни моҳӣ, аз қабили гулмоҳӣ, ширмоҳӣ, лақамоҳӣ ва ғайра вомехӯранд.
Дар ин минтақа вобаста ба фаслҳои сол барфу борони зиёд меборад. Аз моҳи ноябр ва баъзан аз декабр то марту апрел дашту доману кӯҳҳо барфпӯш мегарданд. Аз моҳи апрел баробари фарорасии фасли баҳор табиати ин водӣ чодари сабзро ба cap мекунад. Баҳор ва тобистони ин ҷо рангоранг ва диққатҷалбкунанда мебошад, ба димоғ бӯйи гулу рустаниҳо ва ба гӯш хониши парандаҳо мерасад.
Тақсимот
[вироиш | вироиши манбаъ]Чи тавре ки дар боло қайд кардем, водии Вахиё ба ду қисмат — то мавзеи Ҷари Бахт — Вахиёи поён ва аз Ҷари Бахт боло — Вахиёи боло ҷудо мешавад. Дар навбати худ Вахиёи боло деҳаҳои соҳилҳои оби Хингоб ва соҳилҳои Оби Арзинг ва Оби Мазорро дар бар мегирад. Вахиёи поён минтақаҳои Хлоз, Сағирдашт, Нижғолия ва Туркияро дар бар мегирад.
Хлоз (Хуллоз, Куллос) — аз маҳалли Сари Ҷар то деҳаи Ёзғанд ҳар ду тарафи соҳилро мегӯянд.
Туркия — аз деҳаи Ёзғанд боло, гирду атрофи ҷамоати деҳоти Тавилдара то мавзеи Ҷари Бахтро меноманд.
Нижғолия — дар гузашта деҳаи Миёнаду ва атрофи онро дар бар мегирифтааст. Чуноне ки мардуми маҳаллӣ мегӯянд, онҳо бо ҳамсоягони худ доду гирифти молу амвол доштанд, яъне нижғолия — шарики якдигар буданд ва аз ин ҷо ин минтақа чунин ном гирифтааст. Дар ҳақиқат, агар ба мавқеи ҷойгиршавии ин маҳал назар кунем, мебинем, ки Миёнаду ва атрофи он ду қисмати ин водиро ба ҳам мепайвандад. Бе сабаб нест, ки ин минтақа бо номи Миёнаду ёд мешавад ва яке аз минтақаҳои калонтарини Вахиё ба ҳисоб меравад.
Сағирдашт дар соҳили чапи дарёи Хингоб воқеъ мебошад. Имрӯз ин минтақа ҷамоати деҳоти Сағирдашт ва деҳаҳои гирду атрофи онро дар бар мегирад. Вожаи Сағирдашт маънои Дашти хӯрдро дорад.
Мутобиқи Кисляков
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар китоби худ Тоҷикони Қаротегин ва Дарвоз этнографи машҳури рус Николай Андреевич Кисляков чунин овардааст:
Аз тарафи рости дарёи Хингоб:
Ёзғанд, Работноли Ғарибон (Варавӣ), Работноли Калон, Шӯри Боло, Шӯри Поён, Дашти Сабз, Деҳи Мулло, Гадоалии Афтоврӯ, Қалъаи Хучак, Деҳи Сафар, Ғилболдара, Душоха, Одилон, Амрутак, Мазор, Бишолак, Талхак, Муридон, Шакоб, Ёволук, Разаки Боло, Разаки Дашти Қалъа, Разаки Дарун, Разаки Повун, Паси Ови Талх, Дамов, Дашти Ғирқ, Посвуни Сари Дашт, Посвуни Сари Ҷар, Ёфуч.
Аз тарафи чапи дарёи Хингоб:
Чироғ, Дараи Ҷӯи Афтоврӯ, Дараи Ҷӯи Нушра, Фарки Шодӣ, Ҷавчӣ, Чашмаи Кабуд, Дашти Ҳасан, Халилиён, Сари Сел, Ҳамдара, Калпак, Гирдоб, Навобод, Севак, Чашмасор, Пашор, Хоҷаи Хлоз, Дашти Наё, Ҳафтчироғ, Деҳи Боло, Деҳи Та, Дашти Ғозӣ, Девлои Калон, Косагардон, Бедак, Бедаки Миёна, Бедаки Поён, Бедаки Мирон, Қаракутан, Нурунҷ, Деҳи Баланд, Паси Гузун.
Кисляков дар ҳамин китобаш таъкид мекунад, ки водии Хингобро инчунин дар муоширати байни одамон бисёр вақт мулки Вахио низ мегуфтанд.