Jump to content

Хингоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хингоб
Мушаххасот
Ҳавза 6 660 км²
Ҷараёни об
Сарчашма дарёҳои якҷоя: Гармо ва Қирғизоб
  Координатаҳо 38°52′11″ с. ш. 71°32′14″ в. д.HGЯO
Резишгоҳ Вахш
  Координатаҳо 38°51′59″ с. ш. 70°01′47″ в. д.HGЯO
Мавқеъ
Системаи обӣ Вахш → Амударё → Баҳри Арал

Кишвар Тоҷикистон
Хингоб (Тоҷикистон)
резишгоҳ
— сарчашма, — резишгоҳ

Хингоб, Хингов, Обихинговдарёест дар Тоҷикистон, шохоби чапи дарёи Вахш.

Аз якшавии дарёҳои Гармо ва Қирғизоб ба вуҷуд омадааст. Дарё аз пиряхи Гармо ибтидо ёфта, дар наздикии деҳаи Лабиҷар ба дарёи Вахш мерезад. Тулаш 196 км, масоҳати ҳавзааш 6660 км2. Шохобҳои калонаш: Рагнов, Сариоб, Сурхоб, Бохуд ва Оби мазор. Xингоб ширмоҳӣ ва баъзе шохобҳояш гулмоҳӣ дорад.