Версал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Версал
фр. Versailles[1]
фр. Berceau-de-la-Liberté[2]
Нишон
Нишон
Кишвар  [[|]]
Роҳбар François de Mazières[d][3]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1624
Аввалин номбарӣ 1038
Масоҳат
  • 26,18 км²[4]
Баландии марказ 180 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+1[d] ва UTC+02:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта 78000[6]
versailles.fr(фр.)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Верса́л (фр. Versailles) — шаҳр дар Фаронса, 18 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Порис. Маркази маъмурии департаменти Ивелин. Аҳолиаш 95 ҳазор нафар (2012). Истгоҳи р. о. дорад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Номи бошишгоҳ (деҳа)-и Версал бори нахуст дар асри 11 зикр шудааст. Солҳои 1624-34 дар Версал барои шоҳ Людовики XIII кӯшки шикорӣ сохта шуд. Соли 1661 Людовики XIV дар Версал бунёди маҷмӯаи қасрҳоро оғоз кард. Солҳои 1666—1789 Версал қароргоҳи расмии шоҳон буд. Дар асри 18 дар Версал бисёр шартномаҳои байналмилалӣ (шартномаҳои иттиҳод бо Австрия — 1756 ва 1758, шартномаи сулҳи 1783, ки ба ҷанги Амрикои Шимолӣ барои истиқлол хотима бахшид) ба имзо расиданд. Соли 1789 дар Версал Маҷлиси муассисон доир шуд, ки Декларатсияи ҳуқуқи башар ва шаҳрвандро қабул кард. Дар давраи ҷанги Фаронсаву Прусия (1870-71) Версалро сипоҳиёни Олмон ишғол карданд; 18 январи 1871 дар Версал ташкили империяи Олмон эълон гардид. Соли 1919 дар ин ҷо Шартномаи сулҳи Версал ба тасвиб расид, ки ба Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914-18) хотима бахшид. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-45) Версалро лашкариёни Олмон ишғол карданд. Августи 1944 аз тарафи партизанҳо озод карда шуд. Версал дар асрҳои 17-18 бо услуби класситсизм бунёд гардидааст (ба Рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст). Сохтмони қасри бошукӯҳи Шоҳ дар заминаи кӯшки шикории Людовики XIII солҳои 1661-70 оғоз ёфта, солҳои 1678-88 ба анҷом расидааст. Дар чорбоғ наҳри бузург, кӯли Швейтсария, ҳавзҳо, фаввораҳо, қасрҳои Трианони Бузург (1687-88) ва Трианони Хурд (1762-68) мавҷуданд. Аз соли 1830 маҷмӯаи меъмории Версал ба осорхона табдил дода шуд. Версал маркази сайёҳии дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]