Аминӣ Баҳманёр Арабзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот: кор карда истодааст, replaced: ў → ӯ (11)
Сатри 41: Сатри 41:
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Адибони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Адибони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Нависандагони тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дар Панҷакент таваллудшудагон]]
[[Гурӯҳ:Дар Панҷакент таваллудшудагон]]

Нусха 14:27, 7 марти 2016

Шаблон:Зиндагинома Баҳманёр (Наҷмиддин Арабзода) – нависанда, соҳиби Ҷойизаи адабии Идтифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ

Зиндагинома

Нависандаи истеъдодманд, Баҳманёр (Наҷмиддин Арабзода) 15 июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакент дида ба ҷаҳон кушодааст. Фориғуттаҳсили шӯъбаи арабии забонҳои шарқи Университети давлатии Тоҷикистон (1977) аст. Дар идораи киносозии тоҷик, нашрияҳои «  Маданияти Тоҷикистон», « Адабиёт ва санъат», маҷаллаи « Садои Шарқ» фаъолият доштааст.

Насри бадеии Баҳманёр

Баҳманёр аз зумраи нависандагони навҷӯю хушсалиқаест, ки бо нигоштаҳои нахустинаш миёни хонандагон ва муҳити адабӣ маҳбубият пайдо кард, мутобиқ ба шароити рӯзгор ва гузашти вақт маҳорату малакаи тасвир дар асарҳояш такмил ёфтаю сербор шудааст. Қудрати офаринишаш марзу ҳадде намешиносад ва дар ҳама чиз нуктае, розеву карашмае меҷӯяд. Забони пуртавонаш ҳампайванд бо тасвирҳои тозаест, аз нӯги хомааш бӯи сидқу сафо меояд, ҳар чӣ ба ҳиссу ақли хеш дармеёбад, бепарда, бидуни биму ҳарос ва бе ҳеҷ рӯю риё баён медорад. Нигоштаҳои Баҳманёр рангу бӯи зодбумро медиҳанд, вале дорои паёмҳои инсонӣ ва башарии фаромаконӣ ва фарози маонианд. Бо ин ҳам реша дар жарфои фарҳангу забони тоҷикӣ - форсӣ доранд, ойинаи тамомнамои зиндагии худаш мебошанд. Барояш нависандагӣ саргармӣ, ҳавас ва шӯҳрату худнамоӣ нест, балки ниёзи сӯзонест, ки оромаш намегузорад. Бинои тасвирсозе дар ҳама осораш бар тавсифи хаёлангези муҳит побарҷой аст, тахайюлу воқеятро ба ҳам омезиш медиҳад. Бардоштҳо аз падида моли худашанд ва баҳри хонанда оромиши дилпазире ба армуғон меоварад, дар ҳолати шӯридагию шигифтӣ наъраи шайдо ва бонги эътироз баланд ба садо меояд.

Осор

  • Ишқи сайед [Матн]: Ҳикояҳо. - Душанбе, 1984. - 173 с.
  • Аспи обӣ [Матн]: Ҳикояҳо. - Душанбе, 1988, - 224 с.
  • Время цветения ромашки [Текст]: Рассказы. - Москва, 1988. - 144 с.
  • Дуди хисрат [Матн]: Қиссаю ҳикоёт. - Душанбе, 1993. - 337 с.
  • Зарринаи Зарнигор [Матн]: Қиссаю ҳикоёт. - Душанбе, 1997. - 167 с.
  • Песен идущего в петлю [Матн]: Рассказы. - Душанбе, 1998. - 164 с.
  • Сармаддеҳ [Матн]: Роман.- Душанбе, 2002. - 403 с.
  • Шоҳаншоҳ [Матн]: Роман. Душанбе, 2003. - 396 с.

Адабиёт доир ба адиб

  • Баҳманёр // Адибони Тоҷикистон [Матн]. - Душанбе,2003. – С. 117
  • Солеҳов, Ш. Баҳманёр (Аминӣ Баҳманёр Арабзода) // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик [Матн]. - Душанбе, 2004.- Ҷ.3.- С.506.
  • Абдухолиқи Набавӣ. Намунаи шоистаи насри ҷадид [Матн] // Адабиёт ва санъат.- 2004.- 21 май.
  • Мисбоҳиддин Нарзиқул. Баррасӣ ва нақди роман [Матн]: Оди романи «Шоҳаншоҳ»-и Баҳманёр //Садои Шарқ.- 2012.- №12.- С.77-110..[1]

Манбаъ

  1. Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2014) - Душанбе: Бухоро, 2012.- 95 с.

Пайвандҳо