Камолиддин Баротов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
аниқкунӣ
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 1: Сатри 1:
'''Камолиддин Ашурович Баротов''' (тав. 27. 04. 1959, деҳаи Саричашмаи ноҳияи Москва (имрӯза Ҳамадонӣ), биологи тоҷик, номзади илмҳои педагогика (2007), дотсент (2008).
'''Камолиддин Ашурович Баротов''' (тав. 27. 04. 1959, деҳаи Саричашмаи ноҳияи Москва (имрӯза [[ноҳияи Ҳамадонӣ]]), биологи тоҷик, номзади илмҳои педагогика (2007), дотсент (2008).
== Зиндагинома ==
== Зиндагинома ==
Солҳои 1976–1981 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1981–1991 муаллими биология ва химияи мактаб-интернати №13-и ноҳияи Москва, 1991–2001 муаллими биология ва химияи мактаб-интернати ноҳияи Шӯробод, 2001–2003 ассистенти кафедраи зоология, 2003–2008 муаллими калони кафедраи методикаи таълими биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Аз соли 2008 дотсенти кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биологияи донишгоҳи номбурда мебошад. Ҳамчунон солҳои 2003–2010 вазифаи муовини декани факултети биология оид ба таълимро ба ӯҳда дошт. Айни ҳол вазифаи мудири кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биологияро ба ӯҳда дорад. Муаллифи якчанд дастурҳои таълимиву методӣ, зиёда аз 42 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва оммавӣ мебошад. Дар таълифотҳояш масъалаҳои алоқамандии байнифаннии таълими биологияро бо дигар фанҳо мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст. Бо ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1992) ва ордени «Шараф» (1999) сарфароз гардонида шудааст.

Нусха 19:44, 11 май 2017

Камолиддин Ашурович Баротов (тав. 27. 04. 1959, деҳаи Саричашмаи ноҳияи Москва (имрӯза ноҳияи Ҳамадонӣ), биологи тоҷик, номзади илмҳои педагогика (2007), дотсент (2008).

Зиндагинома

Солҳои 1976–1981 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1981–1991 муаллими биология ва химияи мактаб-интернати №13-и ноҳияи Москва, 1991–2001 муаллими биология ва химияи мактаб-интернати ноҳияи Шӯробод, 2001–2003 ассистенти кафедраи зоология, 2003–2008 муаллими калони кафедраи методикаи таълими биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Аз соли 2008 дотсенти кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биологияи донишгоҳи номбурда мебошад. Ҳамчунон солҳои 2003–2010 вазифаи муовини декани факултети биология оид ба таълимро ба ӯҳда дошт. Айни ҳол вазифаи мудири кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биологияро ба ӯҳда дорад. Муаллифи якчанд дастурҳои таълимиву методӣ, зиёда аз 42 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва оммавӣ мебошад. Дар таълифотҳояш масъалаҳои алоқамандии байнифаннии таълими биологияро бо дигар фанҳо мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст. Бо ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1992) ва ордени «Шараф» (1999) сарфароз гардонида шудааст.

Осор

Тарбияи эстетикӣ дар дарсҳои биология, Кӯлоб,1992; Ҳалли масъалаҳои генетикӣ, Кӯлоб, 1993; Корҳои беруназсинфӣ аз биология, Д., 2003; Ҳалли масъалаҳои биологӣ, Д., 2006; Ҳалли масъалаҳои экологӣ ва биологӣ, Д., 2008; Генетика, Д., 2009.

Пайвандҳои беруна