Jump to content

Вулусволиҳои Афғонистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вулусволӣ (форсӣ: وُلُسوالی‎) — воҳиди маъмурӣ дар Афғонистон. Ба ҳайати вилоят дохил мешавад ва иборат аз чанд алоқадорӣ мебошад. Раиси ҳукумати иҷроияи вулусволӣ — вулусвол аз тарафи волӣ таъйин мегардад. Мутобиқи муқаррароти Қонуни асосии Афғонистон вулусволӣ ҳуқуқи интихоби намоянда (вакил)-и худро ба мақоми олии қонунгузор (Вулуси Ҷирга) ва Луи Ҷирга — мақоми олии намояндагии халқҳои кишвар дорад.