Jump to content

Гобриело Мистрол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гобриело Мистрол
Ном ба ҳангоми таваллуд: исп. Lucila de María Godoy Alcayaga[5]
Тахаллусҳо: Gabriela Mistral
Таърихи таваллуд: 7 апрел 1889(1889-04-07)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 10 январ 1957(1957-01-10)[1][2][4][…] (67 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Жанр: шеър
Забони осор: испониёӣ[1][7]
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
gabrielamistral.uchile.cl(исп.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Луси́ла де Мари́а дел Перпéтуо Сокóрро Годóй Алкайя́га (исп. Lucila de María del Perpetuo Socorro Godoy Alcayaga), номвар ба тахаллуси Гобриело Мистрол (исп. Gabriela Mistral); 7 апрел 1889 — 10 январи 1957) — шоир, омӯзгор, дипломат ва феминисти чилиёӣ. Ӯ нахустин фард аз Омрикои Лотин буд, ки барандаи Ҷоизаи Нубел дар адабиёт шуд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гобрило Мистрол дар соли 1889 дар Чилӣ ба дунё омадааст. Ӯ аз синни 15 солагӣ ба омӯзгорӣ оғоз кард ва баъд аз сӯи омӯзишу парвариши Чилӣ ба унвони ройзани омӯзишӣ баргузида шуд.

Дар соли 1914 бо ғазалҳои сегонааш ба номи «Ғазалҳои марг» барандаи Ҷоизаи миллии шеъри Чилӣ шуд.

Мистрол дар соли 1945 ба хотири достони маъруфи «Дуо ба хотири онҳо, ки худкушӣ карданд», муваффақ ба дарёфти ҷоизаи адабии Нубел шуд.

Тарҷумаи ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Даст деҳ, то ба ҳам равем арғушт,
Даст деҳ, ошиқам шавӣ яксар.
Ҳамчу як гул, ману ту мо бошем,
Ҳамчу як гул, на гунаи дигар...

Бо суруде, ки ҳарду мехонем,
Ҳамзамон рақсу ҳардуро пайкар,
Ҳамчунон хӯша мавҷ хоҳад зад,
Мисли хӯша, на гунаи дигар.

Номи ту... номи ман... бимон дигар,
Мебарӣ номи худ зи ёд охир.
Бо ту ман маҳви рақс хоҳам шуд,
Рӯйи ин тал, ба гунае дигар...

Аз испониёӣ тарҷимаи Исфандиёри Назар


  • Sonetos de la Muerte (1914)
  • Desolación (1922)
  • Lecturas para Mujeres (1923)
  • Ternura (1924)
  • Nubes Blancas y Breve Descripción de Chile (1934)
  • Tala (1938)
  • Antología (1941)
  • Lagar (1954)
  • Recados Contando a Chile (1957)
  • Poema de Chile (1967, пас аз даргузашташ нашр шуд)