Гондҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гондҳо
Сукунат
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гондҳо — яке аз қавмҳои Ҳиндустони Марказӣ, ки аксарашон дар иёлатҳои Мадҳя-Прадеш, Маҳараштра, Чҳатисгарҳ, Телангона ва Уттарпрадеш сукунат доранд. Шумораашон 4 млн буда, ватани таърихии худро Гондвана мешуморанд. Г. ба шеваҳои гуногуни гондӣ (гурӯҳи оилаи забонҳои дравидӣ) гуфтугӯ карда, дар байнашон забонҳои ҳиндӣ ва урду низ маъмул аст. Аксари эътиқодмандон пайрави ҳиндуия ва боварҳои қадимии суннатӣ мебошанд. Г. то асри 20 бо усули сӯзонидани ҷангалзорҳо заминро кишт мекарданд. Машғулияти асосии Г. кишоварзӣ (гандум, шолӣ, арзан ва ғ.) ва ҳунармандӣ аст. Имрӯз дар феҳристи расмии қабилаҳои Ҳиндустон сабт шуда, тӯли даҳсолаҳои охир раванди омезишашон бо қавмиятҳои дигари кишвар боло рафтааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]