Гониометр
Зоҳир
Зовиясанҷ, гонио́метр (юн.-қад. γωνία — кунҷ ва μετρέω — чен мекунам) — абзор барои чен кардани андозаҳои кунҷӣ. Зовиясанҷи амалии содатарин аз транспортири ба ҷадвал насбшуда иборат аст; 1) дар физика асбоб барои андозагирии рӯяҳои кристалл ва маншур (призма)-ҳо. То кашфи таҳлили рентгеносохторӣ усули асосии ташхиси кристаллҳо буд; 2) дар антропология асбоб барои чен кардани кунҷҳои баъзе узвҳо ва скелети одам (хамидагии сутунмуҳра, кунҷи гардиши буғумҳо, тарҳи рӯй, хамидагии бинӣ ва ғ. ).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гониометр // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.