Jump to content

Григорий Гамбурсев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Григорий Гамбурсев
Таърихи таваллуд 10 (23) март 1903
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 28 июн 1955(1955-06-28)[1] (52 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ заминфизик
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва метематика[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»
Мукофоти сталинӣ

Гамбурсев Григорий Александрович (10 марти 1903, Санкт-Петербург28 июни 1955, Маскав) — зилзилашиноси шӯравӣ, яке аз асосгузорони таҳқиқ (кашф)-и зилзила дар ИҶШС, доктори илмҳои физикаву математика (1939), профессор (1939), академики АИ ИҶШС (1953).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи физикаву математикаи Донишгоҳи Маскав (1926). Ҳамзамон бо таҳсил ба ҳайси ходими Институти физика ва биогеофизика дар солҳои 1922–26 дар Комиссияи махсус оид ба аномалияи магнитии Курск кор кардааст. Солҳои 1926–32 ходими ташхисгоҳ (лаборатория)-и фотокимиёии шуъбаи маскавии комиссияи омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Русияи АИ ИҶШС, 1932–37 роҳбари лабораторияи (озмоишгоҳ) зилзиласанҷии Институти ҷустуҷӯи геологии нафт, 1934–37 корманди Идораи умумииттифоқии пажӯҳиши геофизикӣ, 1938–49 мудири шуъбаи усулҳои физикии ҷустуҷӯ, профессор Институти геофизикаи назариявии АИ ИҶШС (аз соли 1946 – Институти геофизика), ҳамзамон солҳои 1941–43 роҳбари экспедитсияи Аврупои Шарқии АИ ИҶШС, 1945–47 профессор Институти нафти ба номи М. М. Губкин буд. Солҳои 1946–51 аввал ташкилкунанда ва баъд роҳбари экспедитсияи комплексии геофизикӣ оид ба ҷустуҷӯи маъданҳои урандор, ҷонишини директор ва солҳои 1949–55 директори Институти геофизикаи АИ ИҶШС. Ҳамзамон солҳои 1933–37 дар Институти ҷустуҷӯи геологии Маскав ва 1944–53 дар Институти нафти ба номи И. М. Губкини шаҳри Маскав дарс додааст. Григорий Гамбурсев сохти нави сейсмограф ва назарияи математикии кори он, инчунин усули нави ҷустуҷӯи геофизикии маъданҳои фоиданокро таҳия намудааст. Қаторкӯҳ дар Арктика, конҳои нафт дар округи мухтори Ненес ва вилояти Архангелск, киштии илмӣ-таҳқиқотии геофизикӣ («Академик Гамбурсев»), Институти физикаи замини АИ Русия ба номи Григорий Гамбурсев гузошта шудаанд.

Дорандаи Мукофоти сталинӣ (1941). Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат ва Ленин сарфароз гардидааст.

  • Сейсмические методы разведки. Ч. 1–1937, Ч. 2 – 1938;
  • Состояние и перспективы работ в области прогноза землятрясений//Материалы Октябрьской сессии (Совета по сейсмологии АН СССР) в Сталинабаде. Сталинабад, 1953;
  • Основы сейсморазведки. М., 1959;
  • Избранные труды. В 3 томах. Т. 2. Основы сейсморазведки. М., 2003.
  1. 1.0 1.1 1.2 Гамбурцев Григорий Александрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.