Jump to content

Гулмоҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Salmo trutta m. fario

Гулмоҳӣ, холмоҳӣ — номи умумии чанд навъи моҳӣ аз оилаи озодмоҳиҳо. Бештар дар сою рӯдҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунад. Пушташ сиёҳтоб, шикамаш сафед ё зарди тилоранг; ҳар ду паҳлу ва болҳояш холҳои сиёҳчаи норинҷӣ ва сурху нилгун доранд.

Гулмоҳӣ дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Тоҷикистон чанд навъи гулмоҳӣ мавҷуд аст.

Гулмоҳии рӯдӣ (Salmo frutta morfa fario lin) дар дарёчаҳо ва шохоби дарёҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунад. Дарозиаш то 20 см, холҳои хурди сиёҳу сурх дорад. Вобаста ба муҳити сукунат рангашро тағйир медиҳад. Вазнаш 1-2 кг. Дар 3-4-солагӣ болиғ мешавад. Дар шароити мусоид моҳҳои октябр — ноябр то 1500 дона тухм (қутраш 4-5 мм) мегузорад. Тухмҳо тӯли 2-3 моҳ инкишоф меёбанд. Ғизояш харчангшаклҳои хурд ва дигар мавҷудоти обист; гоҳе моҳичаҳои хурд ва қурбоққаҳоро мехӯрад. Солҳои 80 асри 20 ба заводи гулмоҳипарварии Кофарниҳон ҳамроҳи гулмоҳии рангин тасодуфан оварда шудааст. Аз ҳар га обанбор 80-100 кг моҳӣ мегиранд. Гӯшти лазиз ва пурбаҳо дорад.

Гулмоҳии иссиқкӯлӣ (Salmo ischchan issykkul gegarkuni lushin), асосан, дар кӯли Севан (Арманистон) зиндагӣ мекунад. Дарозиаш 50-70 см, вазнаш то 4-5 кг (баъзан 10-15 кг). Сари калон ва пешонии фарох дорад. Дар 3-4-солагӣ болиғ мегардад. Моҳии модина бо ҳаракати дум дар зери об лона кофта, тухм (3-10 ҳазор дона) мемонад. Моҳии нарина ба болои тухмҳо нутфаашро пошида, онҳоро бордор мекунад. Сипас болои тухмҳоро бо рег мепӯшонанд. Моҳичаҳо баъди 80-90 рӯз ба дунё меоянд. Соли 1930 ба Иссиқкӯл ва соли 1982 ба Яшилкӯли Помир оварда шудааст. Пӯсташ нуқрагун. Ғизояш мавҷудоти обӣ ва бентосҳо мебошанд. Гӯшти хушлаззат дорад.

Гулмоҳии омударёӣ (Salmo trutta axianus Kessl) дар болооби д-ҳои Варзоб, Хонақоҳ, Сурхоб, Кофарниҳон, Сардаи Миёна, Сорбо, Вахш, Обихингоб, обанбори Норак зиндагӣ мекунад. Моҳии сиёҳтоб, шикамаш сафед ё зарди тилоранг; паҳлу ва болҳояш холҳои сиёҳранги норинҷӣ ва сурху нилгун доранд. Танаш дарозрӯя (то 50 см), вазнаш 200—500 г. Дар 2-4-солагӣ болиғ мешавад. Нимаи дуввуми август ба саргаҳи дарёҳо шино карда, моҳҳои сентябр — октябр тухм (0,4-2,5 ҳазор) мегузоранд. Гӯшти лазиз дорад.

Гулмоҳии рангин (Salmo gairdneri Rich) солҳои 80 асри 20 ба шароити обанбори Норак мутобиқ карда шудааст. Онро дар Заводи гулмоҳипарварии Кофарниҳон низ мепарваранд. Дарозиаш 80-90 см, вазнаш аз 2 то 7 кг; дар паҳлу рахи паҳни ранга дорад. Ба шароити муҳити нав зуд мутобиқ мегардад. Дар 3-4-солагӣ болиғ мешавад. Соли 1982 кормандони Институти зоология ва паразитологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар қафасҳои симтӯрӣ парваридани гулмоҳии рангин таҷриба карданд. Маълум гардид, ки моҳичаҳо баъди 25-50 г вазн гирифтанашон барои парвариш мувофиқ мегарданд. То 2-3 ҳазор тухм (қутраш 4-6 мм) мегузорад. Дар дастгоҳҳои инкубатсиявӣ баъди 38-40 рӯз моҳичаҳо мебароянд. Ба моҳиҳо орди устухон, шири хушки беравған, кунҷораи соя, орди обсабзҳо, равғани рустанӣ ва ғ. дода мешавад. Дар шароити мусоид баъди 120—150 рӯз вазни моҳиҳо ба 200—250 г мерасад. Гӯшти хушлаззат дорад.

  • Никольский гулмоҳӣ В. Рыбы Таджикистана. М. — Л., 1938;
  • Максунов В. А. Промысловые рыбы Таджикистана. Д., 1968;
  • Мартышев Ф. гулмоҳӣ Прудовое рыбоводство. М., 1973;
  • Грищенко Е. В., Расулов А. Х., Ахроров Ф. А. Берегите рыбные богатства родного края. Д., 1983;
  • Ахроров Ф. А. Водные экосистемы Таджикистана. Д., 2009.