Гулӯзиндонак
Гулӯзиндонак | |
---|---|
Ихтисос | Инфектология |
| |
МКБ-10 | A36. |
МКБ-9 | 032 |
DiseasesDB | 3122 |
MedlinePlus | 001608 |
eMedicine | emerg/138 Шаблон:EMedicine2 Шаблон:EMedicine2 Шаблон:EMedicine2 |
MeSH | D004165 |
Гулӯзиндонак, бодзаҳра, буғма, хурӯсак, дифтерия (юн. διφθέρα — пӯст) — бемории вазнини сироятии шадиди ҳалқу гулӯ.
Ангезанда
[вироиш | вироиши манбаъ]Ангезандааш — қаламчамикроби Лёффлер (Corinebacterium diphtheriae) бактерияи беҳаракат буда, спора ҳосил намекунад. Микробҳои гулӯзиндонак ду навъ — заҳрогин ва безаҳр мешаванд. Онҳо ба таъсири сармо тобовар буда, дар рӯи чизҳои хушк муддати мадид маҳфуз мемонанд; зери таъсири нам ва рӯшноӣ зуд аз фаъолият бозмемонанд, дар мавриди истифодаи маҳлули гандзудо баъди 1-2 дақ., аммо ҳангоми ҷӯшондан ҳамон лаҳза маҳв мешаванд.
Манбаъи сироят
[вироиш | вироиши манбаъ]Манбаи сироят бемор ё ҳомили ангезаи гулӯзиндонак аст. Ҳомилони бактерия барои муассисаву корхона, кӯдакистон ва мактабҳо хавфноканд. Ангезаҳои беморӣ тавассути оби даҳон, ҳавову чанг интиқол меёбанд. Аз бозича, либос, ҷойпӯш низ сироят ёфтан мумкин аст. Ангезаҳо бештар дар ҳалқу бинӣ ва роҳи болои нафас ҷой мегиранд. Онҳо афзоиш карда, экзотоксин ҳосил менамоянд. Экзотоксин боиси маҳви пӯстпарда (эпителий) ва рукуди хун дар мӯйрагҳо мешавад. Аз рагҳо рашҳа (экссудат) метаровад, ки он дорои фибриноген аст. Фибриноген зери таъсири тромбокиназаи бофтаи нобудшуда лахта мебандад ва пардаи фибринӣ ҳосил мекунад. Луобпардаи ҳалқ, трахея ва бронхҳо газак гирифта, пардаи болои онҳо зуд беҷо мегардад. Дар натиҷа тарашшӯҳи фибринозӣ ба мағз андар мағзи луобпарда мегузарад. Баъди шифои комил масунияти устувор боқӣ мемонад. Дар одамоне, ки моякӯбӣ шудаанд, гулӯзиндонак сабук мегузарад. Давраи ниҳонии гулӯзиндонак аз 2 то 10 рӯз (бештар 3-5 рӯз) аст.
Гулӯзиндонак тадриҷан оғоз меёбад. Аломати асосии он инқибоз (стеноз)-и ҳанҷара мебошад. Ҷараёни гулӯзиндонак аз се давра иборат аст. Давраи аввал бо гирифтагии овоз, сурфаи ҳуштакдор, дарди ҳанҷара сар мешавад. Дар давраи дуюм (инқибоз) нафас хирросӣ шуда, овоз мегирад. Ин давра аз чанд соат то 2-3 шаборӯз идома меёбад. Бемор арақи бисёр карда, дилашро ваҳм зер менамояд, нафас кӯтоҳу рӯякӣ, пӯст сафеди хокистарранг, лаб, нӯги бинӣ, ангуштони дасту по кабудтоб, дасту по сард, гавҳараки чашм васеъ мешавад. Минбаъд одам аз ҳуш меравад, дар ҷои хоб шах мешавад ва беихтиёр дар ҷогаҳаш тар мекунад. Баъди 18-24 соати ба андомгон фиристодани зардоби зидди гулӯзиндонак аломатҳои беморӣ тадриҷан нест мешаванд.
Фалаҷи асаб аз ҷумлаи оризаҳои вазнини гулӯзиндонак аст (дар ҳафтаи дуввуми беморӣ падид меояд). Мариз фунгӣ шуда, бо душворӣ ҳарф мезанад, оташи шамъро наметавонад «пуф» карда хомӯш бисозад, ғизои фурӯбурдааш аз бинӣ меояд. Гоҳе ӯ китоб хонда, ашёи хурдро фарқ карда наметавонад. Рефлекси пайу мушакҳо заиф мешаванд, бемор калавида роҳ меравад, нишаста сарашро дошта наметавонад. Фалаҷшавии ҳалқум, гулӯгоҳ ва диафрагма низ имкон дорад. Дар чунин ҳолатҳо сурфа бесадо мегардад, бемор овоз бароварда ё хӯрок ва оби даҳонашро фурӯ бурда наметавонад. Ба оризаҳои дигари гулӯзиндонак пневмония, отит, лимфаденит ва ғ. мансубанд.
Бемор 5-7 ҳафта ҳатман бистарӣ карда мешавад. Дар сурати пайдо шудани неврит ва фалаҷ витамини В1, стрихнин, прозерин, дибазол таъйин менамоянд. Буғмаи гулӯзиндонак-ро бо истифода аз обзанҳо, димедрол, дипразин, тавегил, эуфиллин, эфедрин муолиҷа мекунанд. Муоинаи бактериологии одамоне, ки бо бемор тамос доштаанд, ҳамчунин гандзудоии ҷойи хоби ӯ тадбирҳои асосии пешгирии гулӯзиндонак мебошанд. Ҳомилони микробҳои гулӯзиндонак-и заҳрогинро аз дигарон ҷудо нигоҳ доштан лозим. Моякӯбии кӯдакон низ ҳатмист. Онҳо аз думоҳагӣ шурӯъ карда, баъди ҳар 1,5 моҳ се бор моякӯбӣ карда мешаванд. Баъди 1,5-2 сол моякӯбии такрории аввалин бо АКДС сурат мегирад. Моякӯбиҳои баъдӣ дар 9 ва 16-солагӣ ва баъди ҳар 10 сол то 56-солагӣ бо АДС-М амалӣ карда мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулӯзиндонак / Х. Қамардинов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.