Гуна
Гуна (санскр. गुण, guṇa — нах, тор) — дар фалсафаи ҳинд сифат ё хосият (араз)-и ҷавҳар, ки дар анъанаи наҳвӣ (вякарана) ташаккул ёфтааст. Патанҷали дар байни сифатҳои ҳиссие, ки бо мафҳуми гуна ифода ёфтаанд, доираи васеи падидаҳо: равшан, хира, тира, рангпарида (ранги гов), овоз, ламс, ранг, таъм, бӯй, ҷинс (мардона, занона ва миёна), шумора (танҳо, дугона ва ҷамъ)-ро зикр кардааст. Дар вайшешика гуна яке аз мақулаҳои ҳастишиносӣ (падартҳа) буда, аз рӯи тартиби шумориш ва моҳият баъди ҷавҳар дуввумин дониста мешавад. Сифатҳоро метавон дар заминаҳои гуногун тасниф кард, аммо яке аз муҳимтарин таснифот тақсимбандии онҳо ба махсус (вишеша гуна) ва ғайримахсус (авишеша гуна) аст. Ба гурӯҳи аввал сифатҳои махсуси танҳо ҷавҳарҳои муайян шомиланд (ба вижа сифатҳои моддӣ, аз қабили бӯй, таъм, ранг, ламс, ки мувофиқан махсуси хок, об, оташ ва бод мебошанд, фавқулмоддӣ — овоз ва равонӣ — шодиву ғам, рағбату нафрат, кӯшиш, дҳарма ва адҳарма, ки сифатҳои махсуси ҷон — атман мебошанд). Ба гурӯҳи ғайримахсус сифатҳое аз қабили шумора, андоза, алоҳидагӣ, пайвастшавӣ-ҷудошавӣ, дурӣ-қарибӣ шомиланд. Дар «Вайшешика-сутраҳо» 17 намуди гуна зикр шуда, минбаъд теъдоди мазкур ба 24 номгӯй расонида шуд (бо афзудани вазнинӣ, саялон, суръат, инерсия, чандирӣ, дҳарма ва адҳарма, инчунин овоз). Дар вайшешика вобастагии мутлақи сифатҳо аз ҷавҳар (мавҷуд набудани сифатҳое, ки реша дар ҷавҳар надоранд, ҳарчанд ҷавҳарҳо дар мавридҳои истисноӣ метавонанд бе сифат монанд), қобилияти онҳо танҳо ба тавлиди сифатҳои ҷинси худ (мас., сифати ранг сифати овозро тавлид намекунад), дар онҳо мавҷуд набудани ҳаракат (карма) ва сифат (як сифат наметавонад дорои сифати дигар бошад, мас., наметавон гуфт, ки матоъ ду ранг дорад, зеро шумораи ду, ки аз рӯи таълимоти вайшешика сифат аст, наметавонад ба сифати ранг тааллуқ дошта бошад) таъкид гардидааст.
Ғояи робитаи араз ва ҷавҳар дар забони санскрит зимнан мавҷуд буда, дар робитаи сифат ва исм ифода меёбад. Андешаи сифати ҷавҳар будани гуна-ро дигар системаҳои фалсафии ҳиндӣ низ пазируфтаанд, ба истиснои буддоия, ки воқеияти тазодди ҷавҳар-араз ё миқдор-ҳомилро инкор мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гуна // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Философский энциклопедический словарь. М., 1989;
- Индийская философия. Энциклопедия. М., 2009.