Гурбаи баҳрӣ
Гурбаи баҳрӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Callorhinus.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
Callorhinus ursinus (Linnaeus, 1758) | ||||||||||
Ареал | ||||||||||
Вазъияти ҳифз | ||||||||||
|
Гурбаи баҳрӣ (лот. Callorhinus ursinus) — ҷонвари ширхори обӣ аз оилаи тюленҳои гӯшдори қатори белпойҳо.
Гурбаи баҳрӣ қатъи назар аз номаш ба гурба ҳеч муносибат надорад. Вазни наринааш 250—300 кг, модинааш 60-71 кг; дарозиашон мувофиқан 2- 2,25 ва 1,20-1,60 м. Гурбаи баҳрӣ 7-9 навъ дорад, ки мансуб ба 2 ҷинс (гурбаи баҳрии шимолӣ ва гурбаи баҳрии ҷанубӣ) мебошанд. Ранги гурбаи баҳрӣ давра ба давра тағйир меёбад; ранги гурбаи баҳрии то 3-моҳа хокистарӣ, аз 3-моҳа то 2-сола — нуқрагун, аз 2-сола боло қаҳвагун аст. Мӯи бадани гурбаи баҳрӣ аз 2 қабат иборат буда, қабати якум дурушти қилмонанд ва қабати дуввум маҳини шабеҳ ба тибит мебошад. Чашмонаш сиёҳи калон, фақат наздикро хуб дида метавонад. Узвҳои сомеа ва шоммааш тараққӣ кардаанд. Гурбаи баҳрӣ зоҳиран ба белпойҳо монанд буда, гарданашон нисбатан кӯтоҳ ва сарашон хурд аст; пойҳояш кӯтоҳи белмонанд. Гурбаҳои баҳрӣ бар хилофи тюленҳо калонҷусса нестанд ва дар хушкӣ бо чаҳор пой ҳаракат мекунанд (тюленҳо бо шикам мехазанд). Мӯинаи гурбаи баҳрӣ кӯтоҳ, ғафс ва хушсифат аст. Гурбаҳои баҳрӣ ҷонварони серҳаракат буда, дар рӯи харсангҳои соҳили баҳру уқёнусҳо зиндагӣ мекунанд; онҳо дар обҳои дохилӣ дучор намеоянд. Минтақаи зисти гурбаи баҳрӣ ҳавзаи уқёнуси Ором, аз Аляскаву Камчатка дар шимол то Австралияю ҷазираҳои назди Антарктикаро дар ҷануб фаро мегирад; гурбаи баҳрии канскӣ дар соҳилҳои биёбони Намибия дар Африқои Ҷанубӣ сукунат дорад. Гурбаҳои баҳрӣ ҳазорҳо сар якҷо зиндагӣ мекунанд. Ба соҳил фақат барои истироҳат мебароянд. Баъзан дар ҷустуҷӯи ғизо 2-3 рӯз дар об мемонанд. Ҳама намудҳои гурбаи баҳрӣ дар вақти муайян аз шимол ба ҷануб мекӯчанд. Гурбаҳои баҳрии шимолӣ ҳазорҳо километр шино карда, аз Камчатка ба Калифорния мераванд ва зимистонро он ҷо мегузаронанд. Ғизои гурбаи баҳрӣ асосан моҳӣ, баъзан нармбаданҳои шикампо ва парандаҳост. Тирамоҳон дар зери пӯсти гурбаи баҳрӣ қабати ғафси равған ҳосил мешавад, ки дар сармои қаҳратун гурбаи баҳрӣ ҳимоя мекунад. Гурбаҳои баҳрӣ баҳорон афзоиш мекунанд. Даври ҳамлашон як сол буда, 1, баъзан 2 бача (вазнаш 2 кг) мезоянд. Бачаҳо то 3 моҳ шири модарро мехӯранд. Гурбаи баҳрии модина дар 3 ва нарина дар 5-6-солагӣ болиғ мешавад. Охири тобистон гурбаҳо тулак карда, тирамоҳ ба макони доимии зисти худ бармегарданд. Бинобар пӯст, гӯшту равған ва мӯинаи пурбаҳо доштан, гурбаи баҳриро шикор мекунанд. Баъзе зернамудҳои гурбаи баҳрӣ ба ҳадди нестӣ расидаанд. Соли 1957 байни ИҶШС, ИМА, Канада ва Ҷопон оид ба ҳифзи гурбаи баҳрӣ дар қисми шимолии уқёнуси Ором созишнома ба имзо расид. Феълан гурбаи баҳрӣ дар манотиқи дигар муҳофизат карда мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гурбаи баҳрӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.