Гурбаи моҳигир
Гурбаи моҳигир | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Prionailurus.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Prionailurus viverrinus (Bennett, 1833) | ||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||
Ареал | ||||||||||||
Вазъияти ҳифз | ||||||||||||
|
Гурбаи моҳигир (лот. Prionailurus viverrinus) — гурбаи ваҳшии Осиёи ҷануби шарқӣ, ки дар об хуб шино мекунад ва моҳӣ мехӯрад.
Зоҳиран виверраро (viverra) мемонад. Гурбаи калон аст. Вазни наринааш 11-15 кг, модинааш 6-7 кг; дарозиаш аз 95 то 120 см, баландиаш то сари дӯш 38-40 см. Ҷуссааш боқувват, ҷоғаш кӯтоҳ, гӯшҳояш майда, сараш лӯнда, гарданаш кӯтоҳ. Рангаш хокистарӣ, қаҳвагун, сиёҳтоб, рах-рах ё холдор. Дар байни панҷа парда дорад, ки барои шино кардану доштани моҳӣ ёрӣ мерасонад. Гурбаи моҳигир дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии ҷанубу шарқи Осиё — Ҳиндустон, Ҳиндухитой, Суматра ва Ява, асосан дар ҷангалзори соҳили кӯлу дарёҳо ва ботлоқзор зиндагӣ мекунад. Даври ҳамлаш 63-70 рӯз буда, 2-3 бача мезояд. Бачаҳои гурбаи моҳигир дар 9-моҳагӣ мустақил мешаванд. Ғизои гурбаи моҳигир асосан моҳӣ аст; баъзан ба тунукобаи дарёҳо гузашта, харчанг, қурбоқа, лесак, мор, парандаҳои хурд ва дигар ҷонварони обиро дошта мехӯрад. Гурбаи ниҳоят чолок аст; моҳиро ба як зарби панҷа аз об берун меандозад. Гоҳе барои доштани моҳӣ ба масофаи дур шино мекунад. Дар хушкӣ ба ҷонварони ширхори майда, мушу калламуш ва парандаҳо дармеафтад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Шаблон:Книга:Wozencraft, W. C.: Mammal Species of the World
- ↑ Гурбаи моҳигир мувофиқи маълумоти Системаи иттилотии орояшиносии муҷтаммаъ (ITIS)(англ.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гурбаи моҳигир // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.