Jump to content

Гурбашаклҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гурбашаклҳо
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Felidae Fischer-Waldheim, 1817
Зероила
  • Гурбаҳои хурд (Felinae)
  • Гурбаҳои калон (Pantherinae)
  • Гепардҳо (Acinonychinae)
  • Гурбаҳои сабордандондор (Machairodontinae)
  • Проаилурус (Proailurinae)[1]

Гурбашаклҳо (лот. Felidae) — оилаи ҳайвонҳои ширхӯр аз қатори дарандаҳо.

Тавсифоти зоологӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарозии гурбашаклҳои хурдтарин 34 см ва вазнашон то 1 кг (гурбаи зарди холдор) аст; дарозии гурбашаклҳоҳои калонтарин то 3,8 м ва вазнашон зиёда аз 300 кг (бабр) мешавад. Дарозии думашон 10-114 см. Пои пеши гурбашаклҳо 5, пои ақибашон 4 ангушт дорад. Чанголи гурбашаклҳо, ба ғайр аз юз ва гурбаи суматравӣ, ҳангоми роҳ рафтан ба дарун кашида мешавад. Дандонҳои гурбашаклҳо нисбат ба дандонҳои да­ран­даҳои дигар кам (28-30 адад) аст, бинобар ин фуки онҳо хурд ва сарашон лунда мебошад. Забони гурбашаклҳоро пис­тонакҳои хормонанд фаро гирифтаанд, ки барои аз устухон канда гирифтани гӯшт ва лесида тоза кардани бадан ёрӣ мерасонанд. Мӯи гурбашаклҳо кӯтоҳ аст; намудҳои ши­молӣ ва баландкӯҳии гурбашаклҳо нисбат ба намудҳои тропикии онҳо сер­мӯйтаранд. Ранги гурбашаклҳои зард ё тираи рах-рах ва холдор мешавад. Узви биноӣ ва шунавоии онҳо хуб, узви шоммаашон суст тараққӣ кардаТаснифотаст.

Зиёда аз 37 намуди гурбашаклҳо, ки ба 3 ҷинс мансубанд, дар ҳама ҷо, ғайр аз ҷануби Мадагас­кар, Австралия, Гренландия, Антарктида ва Гвинеяи Нав паҳн гаштаанд. Дар Тоҷикистон 6 намуди гурбашаклҳо аз ҷинси паланг ва гурба дучор меоянд. Гурбашаклҳо бештар шом­го­ҳон ва шаб фаъол мебошанд. Танҳо ё оила-оила зиндагӣ мекунанд. Гурбашаклҳои хурдҷусса (масалан, гурба) соле то 5-8, гурбашаклҳои калонҷусса дар ду сол 2-4 бача мезоянд, ки онҳоро асосан гурбашаклҳои модина нигоҳубин мекунанд. Гурбашаклҳо то 30 сол умр дида, хояндагони зараррасонро нобуд мекунанд; метавонанд ба соҳаи чор­во­дорӣ зарар расонанд. Бабр, манул ва юз ба «Китоби сурх» дохил карда шудаанд.

  1. McKenna, M. C.; Bell, S. K. (2000). Classification of Mammals. Columbia University Press. p. 631. ISBN 978-0-231-11013-6. 
  • Соколова Е. В. Жизнь животных. М., 1989;
  • Йозеф Райхолф, Казанцевой С. Млекопитающие. М., 2001;
  • Константинов В. М., Шаталова С. П. Зоология позвоночных. М., 2004.