Jump to content

Гурдия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гурдия
форсӣ: گردیه
Сурат
Таърихи таваллуд асри VI
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша силаҳшӯр
Падар Баҳроми Гушнасп
Ҳамсар Баҳроми Сиёвушон, Хусрави Парвиз ва Вистаҳм
Фарзанд Меҳрони Баҳроми Чӯбин ва Ҷавоншер
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гурдия (форсӣ: گردیه‎; зод. асри VI, Рай) — зани ашрофзода ва ҷанговари эронӣ аз хонадони Меҳрон, духтари Баҳроми Гушнасп ва хоҳари Баҳроми Чӯбин, ҳамсари Баҳроми Сиёвушон, сипас ҳамсари Вистаҳм ва дар охир ҳамсари Хусрави Парвиз, яке аз шахсиятҳо дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ.

Зани бо рою тадбир, дар дониш аз Ҷомосп — ҳакими замони Луҳроспу Гуштосп бартар буд. Борҳо ба бародараш Баҳроми Чӯбина панд дода, ӯро аз роҳи пешгирифтааш — ҳавою ҳаваси соҳиб шудан ба тоҷу тахти Эрон нигоҳ доштан мехост. Баҳроми Чӯбинаро барои шоҳи Эрон шудан сарварони сипоҳ, дабири бузург — мубади зардуштия ва дигарон ташвиқ мекарданд. Гурдия онҳоро низ сарзаниш мекард, яъне ӯ зане буд, ки панди мардон медод. Гурдия бо далелҳо сухан мегуфт, таърихи ниёгонро ба ёд меовард. Ба гуфтаи ӯ, баъзе шахсон Рустаму Золу Гударзро сазовори тахти шоҳӣ медонистанд, вале ин паҳлавонон ба сабаби надоштани фарри шоҳӣ (каёнӣ) ин даъватро намепазируфтанд. Аксари атрофиён Гурдияро чун зани покдоман, некусухан эътироф мекарданд ва гуфторашро мувфиқ ба дафтари ниёгон медонистанд. Гурдия дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ инчунин зани ҷанговар, гурзбардору теғбадаст мебошад. Вай ба муқобили фиристодаи хоқони Чин — Тувург ҷанг карда, ӯро ба қатл мерасонад. Инчунин ба дасти Гурдия хол (бародари модар)-и Хусрави Парвиз — Густаҳам кушта шуд. Бо даъвати Гурдӯй — бародари дигари Гурдия, ки дар даргоҳи Хусрави Парвиз хидмат мекард ва ба миёнаравии завҷаи ӯ Гурдия ба назди Хусрави Парвиз омад ва завҷаи ӯ шуд. Гурдия чораю тадбир меҷуст, ки ҳукмронии шаҳри Райро, ки ниёгонаш дар он ҷо ҳоким буданд, ба даст биёварад. Боре ӯ гурбаеро зебу оро дода, ба зини асп нишонд. Гурба дар болои зин чун кӯдаке ба назар мерасид. Ӯ ин аспро бо гурба аз пеши Хусрави Парвиз гузаронд. Хусрав аз ин манзара ба завқ омада, бисёр бихандид ва ба Гурдия ҳукмронии шаҳри Райро бахшид.