Давлат ва инқилоб
Муаллиф: | Владимир Ленин |
---|---|
Жанр: | политика |
Нашр: | 1918 |
Нусхаи электронӣ дар Викитека |
Давлат ва инқилоб (русӣ: Государство и революция. Учение марксизма о государстве и задачи пролетариата в революции) — асар таълимоти марксизм дар бораи давлат ва вазифаҳои пролитариятро дар инқилоб дар бар мегирад В. И. Ленин тавассути асари мазкур таълимоти марксисти дар бораи давлатро ҳамаҷониба инкишоф додааст.
Корҳои омодагӣ ва таълифи асар ҳанӯз моҳҳои январ-феврали соли 1919 дар Шветсария оғоз гардида буд. Ленин асарҳои К. Маркс, Ф. Энгелс ва инчунин мақолаю китобҳои К. Каутский, А. Паннекук, Э. Бернштейн Ленин аввал китобро аз ҳафт фасал иборат медонист аммо ӯ то охир натавонист фасли ҳафтумро ба итмом расонид фақат нақшаи фасли ҳафтум «таҷрибаи инқилобҳои соли 1905 – 1917 рус» вуҷуд дораду халос китоб дар арафаи инқилоби сотсиалистии октябр омода гардида буд. Зеро масъалаи давлат, муносибат ба он барои пролиторият аҳамияти ҳам назариявӣ ва ҳам амалию сиёсӣ дошт китоб дар шароити пинҳонкори навишта шуда моҳи майи соли 1918 дар Петродграт аз тарафи нашрияи «ҳаёт ва дониш» чоп гардид дар давраи ҳокимияти Шӯравӣ асари «давлат ва револютсия» 332 маротиба бо 58 забон бо теъдоди 9212 ҳазор адад нашр гардид асари мазкур инчунин дар 30 мамлакати олам чоп гардидааст. Маводҳои тайёри бо номи «Марксизм дар бораи давлат» соли 1930 дар маҷмӯъаи Ленини –ХIV онро инчунин солҳои 1931, 1932, 1933,1934 ва соли 1958 ба таври алоҳида нашр гардиданд. В. И. Ленин ба таври муфассал тамоми андешаҳо ва хулосаҳои К. Маркс ва Ф. Энгелсро дар бораи давлат тавсиф намуда назарияи марксистии давлатро ҳимоя намудааст. Ӯ хусусиятҳои давлати пролетариро нишон дода, мубориза бар зидди оппортунистони Интернатсионали II ҳамчун ҳадаф ба миён гузошт ӯ таълимоти мазкурро инкишоф дода, таҷрибаи ҳаракати коргарии байналхалқиро ҷамбаст намуда таҷрибаи муборизаи револютсионии пролетарияти Россияро таҳлил ва инкишоф додаст. В. И. Ленин моҳияти синфии давлат, заминаҳои ташаккули он муайян намуда, нақши он дар ҷомеаи синфию антагонисти ҳамчун аслиҳаи диктатураи синфҳои золим нишон додаст. В. И. Ленин исбот менамояд, ки гарчандеки давлати муосири буржуазии гуногун бошанд ҳам аммо моҳияти онҳо якхеласт онҳо ҳамчун диктатураи буржуазия вуҷуд доранд. Ӯ нишон дод, ки чи тавр раванди тадқиқи таҷрибаи Револютсияи соли 1848 ва Коммунаи Париж (1871) андешаҳои Маркс ва Энгелсро дар бораи дастгоҳои давлатии ҷомеаи буржуазӣ инкишоф доданд. Тавассути чунин муносибат онҳо ташаккули дастгоҳи давлати пролетарии ва вазифаҳои онро маънидод карданд. В. И. Ленин аз мавқеи синфи муносибати пролетарият ва давлат, дар бораи зарурияти барҳамзадани дастгоҳи давлати куҳнаю буржуазӣ дар рфати тнқилоби сотсиалисти маънидод менамояд. Ӯ ташаккули давлати нав ва навъи олии онро нишон додаст. В. И. Ленин бар зидди оппортунистон, ки таълимоти марксизмро нодуруст тавсиф менамуданд, баромад мекард. Оппортунизм, махсусан, таълимоти диктатураи пролетариатро эътироф намекард. Аз ин хотир, В. И. Ленин зарурати диктатураи пролетариатро дар тамоми давраи таърихии гузариш аз капитализм ба сотсиализам асоснок менамуд.
Аз тарафи В. И. Ленин инкишоф доднани назарияи марксизми давлат аз он зоҳир мешавад, ки моҳияти синфии давлати буржуазиро таҳлил мекунад, роҳҳо ва воситаҳои ташаккули диктатураи пролетарият, инкишофи давлати пролетарии, муайян намудани мақсад ва вазифаҳои он, асосноккунии нақши роҳбарикунанда ва муайянкунандаи ҳизби коммунист дар сохтумони состсиалисти, дар маънидодкунии заминаҳои мурда рафтани давлатро нишон медиҳад. В. И. Ленин қайд мекунад, ки дар шароити копитализми давлатию монополисти «… «машинаи давлатӣ» ғайри муқарари пурқувват мегардад, дастгоҳи амалдори ва давлатии вай ба таври гушношунид афзоиш меёбад…» (с 33). В. И. Ленин тасаввуроти майдабуржуазиро дар бораи имниятҳои тадриҷан гузариши ҷомеаи копиталисти ба ҷомеаи сотсиалисти барбод додаст. Ташаккули давлати навъи сотсиалистиро Ленин бо ташаккули демократияи пролетарии мепайвандад. Он имконият медод, ки доираи васеъи меҳнаткашонро бо роҳбарони синфи коргар ба идораи корҳои давлати ҷалб намоянд. Таҷрибаи муборизаи инқилобии пролетарияти Рассияро ҷамбаст намуда, Ленин моҳияти синфии шӯроҳоро, ки дар рафти инқилоби сотсиалисти ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ табдил ёфта буда нишон медиҳад. В. И. Ленин принсипи асосии ҷумҳурии пролетариро дар шакли сентрализми демократӣ маънидод намудааст.
Дар асар табиати демократии давлати пролетарӣ нишон дода мешавад. Давлати пролетарӣ ҳамчун шароити ҳатмии бунёди сотсиализм маънидод мегардад. Ленин батамом танқиди Марксро дар бораи парламентаризми буржуазӣ дастгирӣ намуда, дар заминаи таҳлили далелҳои нав онро амиқ ва васеъ мегардонад. Дар навбати худ, Ленин роҳи ҳалли масъаларо на тавассути нобуд намудани муассисаи намояндагӣ, балки аз муассисаи «гапзанӣ» ба муассисаи «кор намудан» - и он дар шакли Коммунаи Париж мебинад. Зарурати давлати пролетариро барои сохтмони сотсиализм таъкид намуда, Ленин таълимоти марксизмро дар бораи ду фазаи форматсияи коммунистӣ мушаххас гардонид ва инкишоф дод. Ε собит намуд, ки тафовутҳои асосии ду фазаи ҷомеаи коммунистӣ ба сатҳи инкишофи нерӯҳои истеҳсолкунанда, дараҷаи рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании ҷомеа вобастаанд. Ленин мақом ва ҷойгоҳи давлатро дар шароити сотсиализми ғолиб ва низоми гузариш аз фазаи поёнӣ ба фазаи олии ҷомеаи коммунистиро муайян намуд.
В. И. Ленин асосҳои мурда рафтани давлатро нишон додааст. Онро ба масъалаи сохтмони фазаи олии ҷомеаи коммунистӣ, аз байн бурдани тафовутҳои байни меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ, фақи байни шаҳр ва деҳот, ба ҳам омехта гаштани миллатҳо пайваст менамояд.
Китоби мазкур дар мусаллаҳшавии назариявию ғоявии ҳизби болшевик, пролетариати Русия, ҳаракати коммунистию коргарии байналхалқӣ хидмати босазое намудааст. Он дар қатори асарҳои дигари давраи ташаккули Давлати Шӯравӣ асосҳои фаъолияти амалии ҳизби болшевикиро доир ба сохтмони сотсиализм таҳким ва такмил бахшидааст. То ҳоло китоб манъбаи боэътимоди назариявию методологии нерӯҳои чапгаро, махсусан, ҳаракати коммунистию коргарӣ мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Давлат ва револютсия // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.