Даврон Алиматов
Даврон Абдуллоевич Алиматов | |
Таърихи таваллуд | 2 март 1950 |
Зодгоҳ | Хуҷанд |
Таърихи даргузашт | 1 сентябр 2014 (64 сол) |
Маҳалли даргузашт | Хуҷанд |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | ҳунарпеша ва сароянда |
Ҷоизаҳо |
Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1984) Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1996) |
Даврон Алиматов (2 марти 1950, шаҳри Хуҷанд — 1 сентябри 2014 шаҳри Хуҷанд) — ҳунарпеша ва сарояндаи тоҷик. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1984), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1996)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Алиматов Д. факултаи актёрии Институти давлатии театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм намуд (1971). Ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, (1971—1973), Ҳунарпешаи киностудияи «Тоҷикфилм» (1974—1975) буд. Аз соли 1975 ҳунарпеша ва сарояндаи Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Хуҷанд. Солҳои 1993—2001 дар Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2001 дар Факултети санъати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ҳамчун омӯзгор дарс медод.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ 1 сентябри соли 2014 оламро падруд намуд. Дар шаҳри Хуҷанд ба хок супорида шудааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар офаридани ролҳои драмавию лирикӣ маҳорат дорад. Беҳтарин нақшҳояш: Янус «Тангаи ҷиноятӣ»-и Э.Раннет, Горетский «Васса Железновая»-и А. М. Горкий, Юнус «Ѓори аҷинаҳо»-и Г. Садиева дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов, Озар, Тамриз. «Суруди нотамом» ва «Фоҷиаи инсон»-и А. Атобоев, Зол «Зол ва Рӯдоба»-и Ш. Қиёмов, Рама «Рамаяна»-и М. Гусева ва ғ. дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкин. Дар кино низ ҳунарнамоӣ карда, образҳои Раҳимдод «Ҳеҷбудагон ҳар чиз мешаванд», режиссёр Т. Собиров, Ҳофиз «Субҳи Ганг», (режиссёр Л.Файзиев)-ро офарид. Алиматов Д. инчунин сарояндаи хушовоз буда, бештар лирикаи ишқӣ ва гражданиро тараннум мекунад. Овозаш форам аст. Ӯ нозукиҳои савту овоз ва маҳорати сарояндагиро аз Артисти Халқии ҶШС Тоҷикистон Ҷ. Набиев омӯхтааст. Мавзӯи сурудҳои Алиматов Д. асосан васфи модар, Ватан, сулҳ, ҷавонӣ ва ишқ, меҳнати софдилонаи деҳқонону пахтакорон, заҳмати коргарони қавиирода ва ғ.-ро дар бар мегирад. Ба як қатор сурудҳо оҳанг бастааст. Дар байни онҳо сурудҳои «Ватан» (шеъри М. Турсунзода, оҳанги Ҷ. Муродов), «Се меҳр» (шеъри Ғ. Сафарзода), «Ошиқ шудам, гуноҳ ин аст» (шеъри А. Лоҳутӣ), «Ба пахтакорон» (шеъри М. Аминзода), «Вафои ошиқон» (шеъри Лоиқ) ва ғ. шуҳрат доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷӯрабекова М. Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон Алиматов Даврон Абдуллоевич (маълумотномаи шарҳиҳолӣ) //Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Душанбе, 1988. — Ҷ. 1.- С. 137.
- Зодагони 2 март
- Зодагони соли 1950
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Хуҷанд
- Даргузаштагони 1 сентябр
- Даргузаштагони соли 2014
- Даргузаштагони шаҳри Хуҷанд
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Овозхонҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов
- Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон