Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов – яке аз муассисаҳои театрии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Театр соли 1979 номи ҳунарпешаи барҷастаи театру кинои Тоҷикистон, коргардони театр, Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон (1973), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1978) Маҳмуд Воҳидов гирифтааст. Театр дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир аст [1].

Соли 1971 бо Қарори Совети вазирони ҶШС Тоҷикистон дар заминаи хатмкунандагони Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Москва ба номи А.В. Луначарский Театри давлатии ҷавонон таъсис дода шуд [2]. 27 декабри ҳамон сол бори аввал театр бо спектакли "Васса Железнова"-и М. Горький пардаи худро ба рӯи тамошобинон боз кард [2]. Ҳайати эҷодии театри навбунёдро актёрони ҷавон: Малика Ҷӯрабекова, Раҷабгул Қосимова, Дилбар Умарова, Мавлуда Обидова, Гулсара Абдуллоева, Соҳибсултон Алиназарова, Абдулҳафиз Қодирӣ, Амонулло Қодиров, Даврон Алиматов, Шодӣ Солеҳов, Тағоймурод Розиқов, Исфандиёр Ғуломзода, Қурбон Ҳомидов, Ғолиб Исломов, Бердӣ Мингбоев, Асалбегим Саодатова, Султоншоҳ Муқаддамов, Гулбегим Зоолшоева, Ашурмаҳмад Ғуломов, Сафаралӣ Қурбонов, Неъмат Яҳёзода, Зафар Ҷаводов, Музаффар Хаёлов ва Саркоргардон – Ҳабибулло Абдуразоқов, коргардон – Турахон Аҳмадхонов ташкил медоданд [2]. Солҳои 1973-1977 як гурӯҳ, режиссёрони даьватшуда намоишҳои ҷолиберо дар саҳнаи театр гузоштанд. Аз ҷумла, А. Асанин "Модар меояд"-и Ш. Ҳусейнов, Бак Лан "Таронаи ишқ»-и Нгуен Ву (Вьетнам), Шамсӣ Қиём "Робиаи Балхӣ"-и А. Атобоев, Б. Долинов "Муаллими рақс"-и Лопе де Вега, В. Лонге,"Модар"- и К. Чапек, З. Масафоев "Дилшод"-и А. Сидқӣ, «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ»-и М. Бахтӣ, «Ситораи роҳнамо»-и К. Яшинро таҳия намудаанд [2]. Соли 1976 дастаи ҳунарии Театр аз ҳисоби дастпарварони студияи нави тоҷикии ГИТИС - Ф.Умаров, И.Машрабов, Н.Нуриддинов, Х.Сиддиқ, Назирмат ва Маҳбуба Мусоевҳо, Ҳотам Нуров, Умар Алиев ва дигарон пурратар гардид [2]. Ҳамчунин Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода пайваста Театрро бо ҳунарпешагони хушсалиқа таъмин мекард [2]. Соли 1977 барои спектаклҳои "Васса Железнова"-и М.Горький, "Модар"-и К.Чапек, "Робиаи Балхӣ"-и А.Атобойев ва "Дилшод"-и Аъзам Сидқӣ Театр сазовори ҷоизаи Кумитаи марказии Комсомоли ленинии Тоҷикистон гардид [2]. Соли 1978 ба Театр номи ҳунарпешаи маҳбуби халқи тоҷик шодравон Маҳмудҷон Воҳидов дода шуд [2]. Сарварони ҳамонвақтаи Театр - директор Аъзам Сидқӣ ва саркоргардон Шамсӣ Қиёмов, ки худ драмнавис буданд, кӯшиши зиёд ба харҷ доданд, ки барномаи Театр рангин бошад. Аз ин лиҳоз солҳои 1970-1980 асарҳои драмнависони тоҷик Абдумалик Баҳорӣ, Меҳмон Бахтӣ, Н. Исломов, Султон Сафаров, С. Ҳалимшо ва М. Холов рӯи саҳнаи Театрро диданд [2].

Дастовардҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1977:Театр барои спектаклҳои "Васса Железнова"-и М.Горький, "Модар"-и К.Чапек, "Робиаи Балхӣ"-и А.Атобойев ва "Дилшод"-и Аъзам Сидқӣ сазовори ҷоизаи Кумитаи марказии Комсомоли ленинии Тоҷикистон гардид [2]. Соли 1993: Дар Ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-93” бо намоиши "Сафар махсум"–и А.Ҳамдам сазовори “Шоҳ Ҷоиза” гардид [3]. Бо ҳамин намоиш дар ҷашнвораи театрии “Наврӯз” дар Туркманистон Насриддин Нуриддинов ҷоизаи «Беҳтарин иҷрои нақши мардона»-ро соҳиб шуд [3]. Соли 1994: Бо намоиши "Рӯдакӣ" дар коргардонии Музаффар Хаёлов ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафари ҳунарӣ дошт [3]. Соли 1997: Бо намоиши "Чамбули мастон"–и С. Айюбӣ дар когардонии Д. Убайдуллоев дар ҷашнвораи «Парасту» соҳиби “Шоҳҷоиза” гардид [3]. Соли 2005: Дар ҷашнвораи «Парасту» бо намоиши "Шаби бепоёни фохта"–и Ҳ. Наимӣ дар коргардонии Нозим Меликов соҳиби ҷоизаи «Кори нахустини муваффақонаи коргардонӣ» (Дебют) ва ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» (Тағоймурод Розиқов) гардид [3]. Соли 2007: Дар Ҷашнвораи «Парасту» бо намоиши «Отелло»-и У. Шекспир дар коргардонии Барзу Абдураззоқов, Қурбон Собир ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-ро соҳиб шуд [3]. Соли 2008: Дар Фестивал-озмуни байналмилалии театрии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо намоиши «Зани сарватманд»-и А. Амирлӣ дар таҳияи Султон Усмонов ширкат намуда, сазовори ҷоизаҳои «Беҳтарин ансамбли актёрӣ» ва «Беҳтарин иҷрои нақши мардона» (Насриддин Нуриддинов) гардид [3][4]. Дар моҳи ноябри ҳамон сол бо намоиши «Рӯзе дарозтар аз қарн» дар Фестивал-озмуни байналмилалии театрии «Арт-Ордо–2008» дар Бишкеки Қирғизистон ширкат намуда, ба дарёфти 5 ҷоиза: «Беҳтарин таҳиягар» (С. Усмонов), «Беҳтарин нақши мардона» (Абдумумин Шарифӣ), «Беҳтарин нақши мардона дуюмдараҷа» (Нозим Меликов), «Барои таҷассуми баланди ғоявии асари бадеӣ дар саҳна» ва «Беҳтарин ороиши мусиқӣ» ноил гашт [3]. Соли 2009:Театр бо намоишномаи «Рустам ва Суҳроб» дар 27-умин Ҷашнвораи байналмилалии «Фаҷр»Эрон дар байни 16 давлати дунё соҳиби Шоҳҷоиза (ГРАН-ПРИ) ва ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» (Қурбон Собир) гардид. Моҳи ноябри ҳамон сол дубора тӯли як моҳ ин намоишро барои мардуми Теҳрон намоиш доданд [3]. Соли 2010: Театр бо намоишномаи «Чашмони бародари қиёматӣ»-и Н. Табаров дар Фестивали миллии театрҳои Афғонистон ва соли 2012 дар Фестивали байналмилалии театрҳо дар шаҳри Лвови Украина иштирок намуд. Инчунин ин намоиш сазовори “Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ” гардид [3]. Соли 2011: Бо намоиши «Шабе дур аз Ватан» дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту–2011» иштирок намуда, сазовори ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» (Абдумумин Шарифӣ) ва намоиш сазовори мақоми дуюм гардид [3]. Охири соли 2011 намоиши «Рустам ва Сӯҳроб» ба ҷашнвораи байналмилалии «Театрҳои ҷавони Русия» дар шаҳри Омск даъват шуд ва соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин таҷассуми асарҳои устуравӣ дар саҳна бо диди нав» гардид [3]. Соли 2012: Театр дар 4 ҷашнвораи байналмилалии театрӣ иштирок намудааст: а) Бо намоиши «Шабе дур аз Ватан»-и Нозим Меликов дар ҷашнвораҳои «Намоишҳои хиёбонӣ» дар Қирғизистон ва «С улицы роз» дар Молдова [3]. б) Бо драмаи «Сарбозони қаторӣ» дар ҷашнвораи «Муқовимат» дар Ободони Эрон [3]. в) Бо намоиши «Рустам ва Суҳроб» дар ҷашнвораи «Театр Чехов Ялта» дар Украина ширкат намуда, соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин асари устуравӣ аз диди нав» гардид [3]. Соли 2014:Намоиши «Шабе дур аз Ватан»-и Нозим Меликов дар ҷашнвораи байналмилалии телевизионии «Ҷило–2014» ҷоизаи «Намоиши беҳтарини сол»-ро соҳиб шуд [3]. Соли 2015: Дар ҷашнвораи «Парасту-2015» бо намоиши «Гирдбод» дар коргардонии Шавкат Халилов театр соҳиби «Ҷои аввал», ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» ва «Беҳтарин кори рассомӣ» гардид [3][5]. Дар моҳи октябри ҳамон сол дар ҷашнвора-озмуни байналмилалии «АРТ-ОРДО 2015» дар Қирғизистон бо намоиши «ИШТИБОҲ» иштирок намуда, Нозим Меликов ҷоизаи «Беҳтарин коргардон»-ро соҳиб шуд [3]. Охири моҳи ноябри соли 2015 бо намоиши «Шабе дур аз ватан» дар ҷашнвора-озмуни байналмилалии театрӣ «Тунғушбай-Ал-Тарази» дар Тарази Қазоқистон иштирок карда, Абдумумин Шарифӣ соҳиби ҷоизаи асосии ҷашнвора - «Беҳтарин нақши мардона» гардид [3]. Соли 2016: Дар 6-умин ҷашнвора-озмуни байналмилалии театрӣ «Қазоқистон қалби Осиё» дар шаҳри Талдиқурғони Қазоқистон бо намоиши «Шабе дур аз ватан» театр соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин иҷрои дуэти ҳунармандӣ» (Абдумумин Шарифӣ ва Моҳпайкар Ёрова) гардид [3]. Соли 2017: «Дирафши Коваёнӣ»-и Нозим Меликов Шоҳҷоизаи Фестивали «Парасту-2017»-ро соҳиб гардид [3]. Ҳамчунин дар ҷашнвораҳои байналмилалии Русия дар шаҳрҳои Налчик ва Владиқафқоз бо намоиши «Шабе дур аз ватан» иштирок намуда, ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» (Абдумумин Шарифӣ) ва «Беҳтарин нақши занонаи дараҷаи 2» (Моҳпайкар Ёрова)-ро ба даст овард [3]. Соли 2018: Дар Ҷашнвораи байналмилалии «Фазои ҷавонӣ» дар шаҳри Сочии Русия бо намоиши «Актриса» иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳои «Беҳтарин нақши занонаи дараҷаи 3» (З. Бадалова) ва «Барои ҷуръати коргардонӣ» (Қ. Мирзоев) шуд [3]. Соли 2019: Дар ҷашнвораи «Парасту-2019» бо намоиши «Кӯҳҳо вақте, ки суқут мекунанд»-и Чингиз Айтматов дар таҳияи Нозим Меликов соҳиби ҷои дуюм ва ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» (Н. Меликов) ва «Беҳтарин нақши занона» (Шогун Давлатбекова) гардид [3][6]. Дар ҷашнвора-озмуни байналмилалии театрӣ дар шаҳри Ҷезқазғони Қазоқистон бо намоиши «Диравши Коваёнӣ» театр «Шоҳҷоиза» («Гран-При»)-и ҷашнвораро соҳиб гашт [3]. Соли 2020: Бори аввал дар таърихи театри тоҷик дар Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ дар шаҳри Ню-Ҷерсии ИМА тариқи пахши бархат (онлайнӣ) бо намоишномаи «Дирафши Коваёнӣ» ширкат кард [3]. Соли 2021: Дар ҷашнвораи «Парасту» бо намоишномаи «Гунҷишкакон ҳам механданд» Мавлона Наҷмиддинова соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона» гардид [3]. Соли 2023: Театр дар ҷашнвораи «Парасту» бо намоиши «Иштибоҳ»-и Албер Камю дар коргардонии Нозим Меликов иштирок намуд. Моҳпайкар Ёрова сазовори ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона» ва коргардон Нозим Меликов сазовори ҷоизаи махсуси ба номи Х. Майбалиев гардид [3]. Дар моҳи ноябри соли 2023 театр бо намоиши «Шабе дур аз ватан» дар ҷашнвораи байналмилалии театрӣ дар шаҳри Ашқободи Туркманистон иштирок карда, баҳои баланди мутахассисони ҳунари театрро соҳиб шуд [3][7].

Ҳунарпешагони унвондор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гулсара Абдуллоева, Раҷабгул Қосимова, Соибсултон, Алиназарова, Асалбегим Саодатова, Шодӣ Солеҳов, Тағоймурод Розиқов, Ғолиб Исломов, Насриддин Нуриддинов, Имомбердӣ Мингбоев, Мирзоватан Миров, Дилбар Умарова.

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Толибҷон Бобоев, Шавкат Халилов, Абдумумин Шарифӣ, Сабзагул Қурбонова, Ашурмаҳмад Ғуломов, Ниёзаҳмад Мӯсоев, Холмурод Сиддиқов.

Асарҳои таҳияшуда

[вироиш | вироиши манбаъ]

Репертуари театрро асарҳои зерин ташкил медоданд: "Васса Железнова"-и М. Горький, "Табибизуракӣ"-и Ж.Б.Молйер, "Пирии пурзаҳмат"-и Л. Разгонов, «Ғори аҷинаҳо»-и Г. Сафиева, «Хазони таги пой»-и Ф. Ғуломова, «Робияи Балхӣ»-и А. Атобойев "Ҳалокати умед"-и Г. Германсва "Тангои ҷиноятӣ"-и З. Раннет, "Модар меояд"-и Ш. Ҳусейнов, "Таронаи ишқ»-и Нгуен Ву (Вьетнам), "Муаллими рақс"-и Лопе де Вега, "Модар"- и К. Чапек, "Дилшод"-и А. Сидқӣ, «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ»-и М. Бахтӣ, «Ситораи роҳнамо»-и К. Яшин, «Кафшҳои Абулқосим»-и А. Аҳмадхонов, Н. Табаров, «Карим- девона»-и Т. Аҳмадхонов, «Чашмони бародари қиёматӣ»-и Нур Табаров, «Тавқи лаънат ва номзад»-и Шодӣ Солеҳ ва З. Содиқ дар таҳияи Мирзоватан Миров, «Рӯзе дарозтар аз қарн»-и Чингиз Айтматов дар таҳияи С.Усмонов, «Зани сарватманд»-и А. Амирлӣ, «Рустам ва Суҳроб»-и А. Фирдавсӣ, «Харгушаки бодича»-и С. Михалков дар таҳияи С.Усмонов, «Отелло»-и В.Шекспир, «Фолбинии Афандӣ»-и А. Баҳорӣ дар таҳияи Барзу Абдураззоқов, «Шаби бепоёни фохта»-и Ҳ. Наимӣ, «Афсонаи зимистон»

  1. Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов. 19 май 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2016.
  2. 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов(тоҷ.). 19 май 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2016.
  3. 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 Дастовардҳои коргардон Нозим Меликов (Маълумоти иловагӣ)(тоҷ.).
  4. Театри ҷавонони Тоҷикистон дар ҷашнвораи байналмилалӣ ширкат меварзад(тоҷ.). Khovar.tj (10.08.2008).
  5. Бахшида ба Ҷашни 45-солагии Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов(тоҷ.). Jumhuriyat.tj (06.01.2015).
  6. Театри ҷавонон дар «Парасту-93» соҳиби Шоҳҷоиза шуд(тоҷ.). Pressa.tj (19.04.2019).(пайванди дастнорас)
  7. "Шабе дур аз Ватан" – намоиши Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ гардид(тоҷ.). Sinamo.tv (20.11.2023).