Деҳистон
Деҳистон (форсӣ: دهستان) — хурдтарин воҳиди тақсимоти кишварӣ дар Эрон аст, ки дорои маҳдудаи ҷуғрофиёии муъаяйн буда ва аз ба ҳам пайвастани чанд русто, макон, мазраъаи ҳамҷавор ташкил мешавад, ки аз лиҳози муҳити табиъӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ ҳамгун буда ва имкони хадамотрасонӣ ва барномарезӣ дар систему шабакаи воҳидеро фароҳам менамояд[1].
Деҳистон зермаҷмуъае аз бахш аст. Воҳидҳои бузургтар аз бахш ба тартиб иборатанд аз шаҳристон ва устон[2].
Маркази деҳистон мунҳасиран рустое аз ҳамон деҳистон аст, ки муносибтарин маркази хадамоти рустоии он маҳдуда шинохта мешавад.
Намояндаи давлат дар деҳистон деҳдор хонда мешавад. Сохтмону созмони идории маҳалли фаъолият деҳдор деҳдорӣ ном дорад.
Бино бар Қонуни таъорифу завобити тақсимоти кишварии Эрон, ҳадди ақалли ҷамъияти деҳистон бо дар назар гирифтани вазъи парокандагӣ ва иқлими кишвар ба се дараҷаи тарокумӣ ба шарҳи зер тақсим мешавад:
- а) тарокуми зиёд — 8000 нафар.
- б) тарокуми мутавассит — 6000 нафар.
- в) тарокуми кам — 4000 нафар.
Деҳистонҳои мавҷуд, ки аз назари вусъат, ҷамъият ва дастрасӣ дорои тарокуми матлуб буда дар қолаби мавҷуд боқӣ ва он теъдод аз деҳистонҳое, ки аз ин лиҳоз номутаносиб мебошанд аз тариқи тақсим ва ё идғом таъдил ва ба деҳистонҳои ҷадид табдил хоҳанд шуд.
Воҳиди тақсимоти кишварии Эрон | Масъул | Ниҳоди муртабит | Марказ |
---|---|---|---|
Кишвар | Вазири кишвар | Вазорати кишвар | Пойтахт |
Устон | Устондор | Устондорӣ | Маркази устон |
Шаҳристон | Фармондор (вижа) | Фармондорӣ (вижа) | Маркази шаҳристон |
Бахш | Бахшдор | Бахшдорӣ | Маркази бахш |
Деҳистон | Деҳдор | Деҳдорӣ | Маркази деҳистон |
Шаҳр | Шаҳрдор | Шаҳрдорӣ | надорад |
Русто | Деҳёр | Деҳёрӣ | надорад |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ مرکز پژوهشها - قانون تعاریف و ضوابط تقسیمات کشوری. rc.majlis.ir. 29 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 Январ 2020.
- ↑ Иттилоъоти устонҳо ва дигар зермаҷмуъаҳои тақсимоти кишварии он Бойгонӣ шудааст 26 ноябри 2012. Даргоҳи Вазорати кишвар
Ин мақолаи хурд дар бораи Эрон аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |