Дороӣ
Зоҳир
Дороӣ, актив (лотинӣ activus — фаъол):
- пул, мол, даромад ва ашёи мавҷуда ва ё насиядодаи ягон муассиса; захираҳои аз фаъолияти пешинаи корхона ё ширкат ҳосилшуда, ки аз онҳо дар оянда ба даст овардани ягон манфиати иқтисодиро интизоранд;
- яке аз ду тарафи тавозуни ҳисобдорӣ, ки дар он маблағу воситаҳои корхона (мувофиқи мавқеашон дар ҷараёни истеҳсол ё такрористеҳсол) нишон дода мешавад. Фаъолияти асосии корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар маблағгузориҳои ғайригардиширо низ актив меноманд. Мафҳуми актив инчунин дороии воситаҳои гардиши меъёрдор (захираҳои истеҳсолӣ, маҳсулоти тайёр ва ғайра) ё воситаҳои гардиши бемеъёр (пул, молҳои ба харидор фиристодашуда, қарзи дебиторӣ ва ғайра) ва ё навъҳои дигари хароҷот (масалан, хароҷоти як ферма нисбати саршумори умумии чорво)-ро ифода мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Актив // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.