Климент Ворошилов
русӣ: Климе́нт Ефре́мович Вороши́лов | |
| |
6 ноябр 1925 — 7 май 1940 | |
Пешгузашта | Михаил Фрунзе |
Ҷонишин | Semyon Timoshenko[d] |
1937 — 1969 | |
15 март 1953 — 7 май 1960 | |
Пешгузашта | Nikolai Shvernik[d] |
Ҷонишин | Леонид Брежнев |
1 январ 1926 — 16 июл 1960 | |
|
|
Таваллуд |
23 январ (4 феврал) 1881[1] |
Даргузашт |
2 декабр 1969[2][3][4][…] (88 сол) |
Мадфан | |
Ҳамсар | Ekaterina Voroshilova[d] |
Ҳизб | |
Эътиқод | атеизм |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Навъи артиш | Артиши Русияи подшоҳӣ[d] ва пиёданизом[d] |
Рутба | Marshal of the Soviet Union[d] |
Фармондеҳӣ | Артиши Сурх |
Набардҳо | |
Ҷойҳои кор | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Климент Ефре́мович Вороши́лов ҳамчунин Клим Ворошилов (23 январ (4 феврал) 1881, Више — 2 декабри 1969, Маскав) — ходими давлатӣ, ҳизбӣ ва ҳарбӣ, Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ (1935), ду карат Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1956, 1968), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1960).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1896 дар заводҳои филизкории Донбасс кор кардааст. Аз соли 1903 узви Ҳизби сотсиал-демократии коргарии Русия (РСДРП), болшевик. Соли 1905 раиси шӯрои депутатҳои коргарии Луганск интихоб шудааст. Вакили анҷумани 4 (1906) ва 5 (1907) РСДРП. Чандин бор ҳабс шуда, ба губ. Архангелск бадарға гардидааст. Солҳои 1908-17 корҳои ҳизбиро дар Боку, Петербург, Саритсин пеш мебурд. Аз марти 1917 раиси шӯрои Луганск, думаи шаҳрӣ, кумитаи шаҳрии болшевикон. Аз ноябри 1917 комиссари Кумитаи ҳарбии инқилобии Петроград оид ба шаҳрдорӣ, дар таъсиси Комиссияи фавқулодаи умумируссиягӣ (ВЧК) ширкат дошт. Аз январи 1918 раиси Комиссияи фавқулода (ЧК) оид ба муҳофизати Петроград, аз марти 1918 фармондеҳи дастаи 1-уми сотсиалистии Луганск, аз апрели 1918 фармондеҳи Артиши 5-уми Украина буд. Дар мудофиаи Саритсин (июл — августи 1918) ба гурӯҳи қувваҳои мусаллаҳ роҳбарӣ карда, бо И. Климент Ворошилов Сталин шинос ва дӯст шуд. Моҳҳои октябр — декабри 1918 фармондеҳи Артиши 10-ум ва аз январи 1919 комиссари халқии корҳои дохилии Украина, июн — июли 1919 фармондеҳи Артиши 14-ум ва ҷабҳаи дохилии Украина дар мубориза зидди дастаҳои миллатгаро. Яке аз созмондиҳандагони асосии Артиши 1-уми савора (ноябри 1919), узви Шӯрои ҳарбии инқилобии артиш (то майи 1921). Дар саркӯб намудани шӯриши Кронштадт (1921) ширкат намудааст. Солҳои 1921—1924 узви бюрои Ҷанубу Шарқии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Русия (болшевикон) КМ РКП (б) ва фармондеҳи неруҳои округи ҳарбии Қафқози Шимолӣ, 1924-25 фармондеҳи неруҳои Округи ҳарбии Маскав ва узви Шӯрои инқилобии ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 6 ноябри 1925 то 20 июни 1934 комиссари халқӣ оид ба корҳои ҳарбӣ ва баҳрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва раиси Шӯрои инқилобии ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ, 1934—1940 комиссари халқии мудофиаи ИҶШС буд. Дар мубориза бо иттиҳоди тротскийчиёну зиновевчиён ва мухолифони рост ҳамеша мавқеи Сталинро тарафдорӣ намуда, ҳамчун ҷонибдори сиёсати саноатикунонии хоҷагии халқ ва коллективикунонӣ амал менамуд. Барои эътирофи хидматҳои ҳарбии Сталин асарҳои «Сталин ва Артиши Сурх» (1929), «Сталин ва сохтмони Артиши Сурх» (1939)-ро таълиф намуд. Дар солҳои ҶБВ узви Кумитаи давлатии мудофиа, сарфармондеҳи қувваҳои самти Шимолу Ғарб (то 5 сентябри 1941), фармондеҳи Ҷабҳаи Ленинград (5-14 сентябри 1941), намояндаи Ставка оид ба ташкили сипоҳ (сентябри 1941- феврали 1942), намояндаи Ставкаи Сарфармондеҳи олӣ дар Ҷабҳаи Волховск (феврал — сентябри 1942), сарфармондеҳи ҳаракати партизанӣ (сентябри 1942 — майи 1943), раиси Комиссияи сулҳи муваққатӣ (сентябри 1943 — июни 1944) буд. Соли 1943 дар кори конференсияи Теҳрон ширкат намудааст. Фаъолияти баъдии Климент Ворошилов чунин сурат гирифтааст: Солҳои 1945—1947 — раиси комиссияи назоратӣ дар Маҷористон; 1946—1953 — муовини Раиси Шӯрои вазирони ИҶШС; марти 1953 — майи 1960 — Раиси Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС; аз майи 1960 узви Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС. Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 1-7).
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо 8 ордени Ленин, 6 ордени Байрақи Сурх, орденҳои Суворов (дараҷаи 1) ва дигар ордену медалҳои хориҷӣ сарфароз гардидааст. Дар Майдони Сурхи Маскав мадфун аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118770373 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ filmportal.de — 2005.
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Деятели СССР и революционного движения России. Энциклопедический словарь Гранат. М., 1989.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ворошилов Климент Ефремович / А. Шарипов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони 4 феврал
- Зодагони соли 1881
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 2 декабр
- Даргузаштагони соли 1969
- Даргузаштагони Маскав
- Аъзои Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ
- Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)