Куҳнасарбоз
Куҳнасарбоз (форсӣ: کهنهسرباز), ветеран (лот. veteranus, аз vetus, veteris — «пир, кордида, санҷидашуда»), собиқадор[1] — ҷанговари куҳансоли хидматро адокарда ё сарбози ҷангозмудаи солхӯрда. Дар умури лашкардории Юнон ва Руми Бостон, маъмулан, ветеранҳои аз хидмат озодшударо дар шаҳристону қалъаҳои истеҳкомии кишварҳои фатҳшуда ҷой медоданд.
Масалан, Искандари Мақдунӣ ветеранҳоро дар Искандарияи Ақсо, Искандарияи Мароға ва Искандарияи Ҳинд сокин намуда, барояшон подош ва имтиёзи хосса медод. Ветеранҳо баъди адои хидмат бо замин, хона ва миқдоре пул таъмин гардида, аз супурдани андоз озод мешуданд. Илова бар ин, ветеранҳои кирояи аҷнабиён соҳиби ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва дорои имтиёзҳои баробар бо сокинони комилҳуқуқи Юнону Рум мегаштанд. Дар артиши аҳди Ҳахоманишиён ва Сосониён сарбозони собиқадор ё худ ветеранҳоро барои бехатарии сарҳад бештар дар минтақаҳои марзӣ сокин менамуданд, ки ба нигоҳубин ва таъминоти онҳо марзбон машғул мешуд. Аз рӯи маълумоти солномаҳо ва маъхазҳои бостонӣ, сарбозони собиқадор баъди раҳоӣ аз хидмати низомӣ бо подоши муносиб (пули нақд), замин, хона ва ғ. таъмин шуда, аз супурдани андоз озод мешуданд. Онҳо ҳамчунин ҳуқуқи ба ворисон мерос гузоштани замин ва сармояи худро доштанд. Дар дарбори Сомониён ба сипоҳиёни собиқадор ва низомиёни соҳибхидмат ба сифати маош ё нафақа замини иқтоъ дода мешуд. Дар давраи Салҷуқиён ва хонадони муғулон низ додани заминҳои иқтоъ ба сарбозони собиқадор афзоиш ёфта, онҳо соҳиби ҳуқуқ ва имтиёзҳои бузург мешуданд. Дар аҳди шӯравӣ низ ҷанговарони куҳансол ва ширкаткунандагони ҷангро В. меномиданд, ки онҳо аз имтиёзҳои иҷтимоӣ, хидматрасонӣ ва нафақа бархурдор буданд.
Ветеран дар замони ҳозир
[вироиш | вироиши манбаъ]Шахсе, ки дар соҳае муддати дароз хидмат карда, ба нафақа баромадааст, одатан, дар замони шӯравӣ онҳоро бо номҳои ветерани меҳнат, ветерани истеҳсолот, ветерани илм, ветерани матбуот ва ғайра ном мебурданд. Дар ИҶШС аз соли 1974 медали «Ветерани меҳнат» таъсис дода шуда буд, ки ветеранҳои фаъол бо он сарфароз гардонида мешуданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Sputnik. Собиқадорони ҶБВ дар Тоҷикистон соҳиби кадом имтиёзҳоянд?(тоҷ.). Sputnik Tajik. 10 сентябри 2019 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ветеран / Б. Абдураҳмонов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.