Кӯдакистон
Кӯдакистон[1] (форсӣ: کودکستان), боғчаи кӯдакон (русӣ: Детский сад) — муассиса барои тарбияи ҷамъиятии кӯдакони синни то мактабӣ.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввалин муассисаи кӯдаконаро Р. Оуэн дар Ню-Ленарк (Шотландия) соли 1802 ташкил карда буд. Ба муассисаи томактабии Олмон соли 1837 Ф. Фребел номи боғчаи кӯдаконро дод. Дар Россия якумин боғчаи кӯдакон солҳои 60 садаи XIX таъсис ёфт.
Дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввалин кӯдакистон дар Тоҷикистон соли 1921 ташкил шуд, дар 3 боғчаи уезди Хуҷанд 140 нафар кӯдакон тарбия мегирифтанд. Дар Душанбе аввалин боғчаи кӯдакон соли 1929 ба кор сар кард, ки 25 ҷой дошт.
Ҳоло (2009) дар ҷумҳурӣ 487 муассисаи томактабии давлатӣ ва муассисаву корхонаҳо фаъолият доранд, ки дар онҳо зиёда аз 58700 нафар кӯдакон тарбия мегиранд. Инчунин дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи томактабии хусусӣ мавҷуданд: 11-то дар шаҳри Душанбе, 1-то дар вилояти Суғд, 1-то дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон. Шумораи умумии тарбиятгирандагон дар онҳо 450 нафарро ташкил медиҳад.
Омӯзиш ва таҳлили мавҷудияти дастурҳои методию таълимӣ барои кормандони соҳаи тарбияи томактабӣ нишон медиҳад, ки дар ин ҷода як қатор пешравиҳо дида мешаванд. Бо пешниҳоди Вазорати маорифи ҶТ ва бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2 июли соли 2009, № 338 барои кормандони муассисаҳои томактабӣ Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ тасдиқ гардид. Дар ҷумҳурӣ нахустин маҷаллаи методию маърифатии «Субҳи умед» барои кӯдакистонҳо ба табъ расид, ки мутахассисони соҳаро бо усулҳои нави таълим, идоракунии муассисаҳои томактабӣ, роҳҳои инкишофи тафаккури интиқодию мантиқии кӯдакони синни томактабӣ ба тавассути фаъолияти гуногуни тарбиявию таълимӣ шинос менамояд. Вобаста ба татбиқ намудани барномаю усулҳои нави кор бо кӯдак аз тарафи ташкилоту ин-тҳои байналмилалӣ барномаҳои «Қадам ба қадам» ва «Аз кӯдак ба кӯдак» ҷорӣ карда мешаванд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 18 кӯдакистон бо усули «Қадам ба қадам» фаъолият мекунанд. Илова бар ин ба тавассути ҳамкорӣ бо барномаи «Аз кӯдак ба кӯдак» дар вил. Хатлон 1078 нафар кӯдакони синни 6-сола ба мактаб омодагӣ мегиранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги форсии Амид. Кӯдакистон чист? Маънои вожаи кӯдакистон(тоҷ.). vazhaju.tj. Вожаҷӯ. 23 октябри 2019 санҷида шуд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боғчаи кӯдакон // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.