Jump to content

Леополд Семенович Ауэр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Леополд Семенович Ауэр
Ауэр Леополд Семенович
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 7 июн 1845(1845-06-07)
Зодгоҳ Маҷористон
Таърихи даргузашт 15 июл 1930(1930-07-15) (85 сол)
Маҳалли даргузашт Дрезден
Кишвар
Пеша(ҳо) мутриб, композитор, дирижёр
Соз скрипка
Сабк мусиқии килоссик[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Леополд Семенович Ауэр (1845-1930) — скрипканавози барҷаста, омӯзгор, композитор, дирижёр.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Леополд Семенович Ауэр дар Маҷористон таваллуд шудааст; дар Консерваторияи Будапешт таҳсил намуда, дар Вена дар назди И. Иоахим бозомӯзӣ кардааст. Фаъолияти эҷодии Ауэр дар Русия гузаштанд: аз с. 1868 то 1917 он профессори Консерваторияи Петербург (ҳоз. Санкт-Петербург) буда, синфи скрипка ва ансамбли камеравиро дарс гуфтааст. Дар як вақт дар консертҳои симфонӣ дирижёрӣ мекард, дар ансамблҳо бо А. Рубинштейн, А. Осипова, Ф. Лешетиский, А. Вержбилович баромад мекард. Дар байни зумраи арбобони машҳури шогирдони ӯ – ҳунарварони дар ҷаҳон машҳургашта: Я. Хейфес, М. Элман, Е. Симбалист, М. Полякин ва дигарон мисол шуда метавонанд. Анъанаи мактаби скрипканавозии Ауэрро дар Россия ташаккул медиҳанд.[3]

  1. LIBRISNational Library of Sweden, 2012.
  2. https://www.nb.no/items/c7afd029fe17529802f6fb786786c379?page=65&searchText=%22Leopold%20Auer%22
  3. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 41 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)