Лосон
Зоҳир
Лосон (фар. lotion, аз лот. lotio — шустушуй, таҳорат) — воситаи косметикиест барои нигоҳубини пӯст, мӯи сар ва нохун, ки бо мақсади тозагӣ ва табобат истифода мешавад.
Дар асоси маҳлулҳои обӣ, ё обӣ-спиртӣ бо иловаи ёрирасонҳои фаоли равғанҳои эфир ва ғ. истеҳсол мешаванд.
Лосон пӯстро тоза ва нарм месозад. Вай навъҳои гуногун; барои пӯсти хушк, пӯсти равғанин ва пӯсти муқаррари дорад.
Истифодаи лосон дар рӯй, ин маънои аз дасту рӯй шустан, даст кашиданро надорад, онро танҳо барои тозагӣ ва табобат, мувофиқ ба пӯсти ҳар як инсон истифода мебаранд.
Лосони эмулсиядор дар шакли шир ё моеъи қаймоқмонанд, инҳо навъҳои гуногуни кремҳои моеъ барои рӯй мебошанд.
Навъҳо аз рӯи истифодабарӣ:
[вироиш | вироиши манбаъ]- Лосони-қавӣ кунанда — пӯстро барои крем молидан ва нигоҳубини оянда омода месозад.
- Лосон барои нигоҳубини пӯст пеш ва баъд аз риш тарошидан.
- Лосони табобатӣ-нигоҳдорӣ (масалан барои мустаҳкам ва инкишофи мӯи сар) — дар асоси растаниҳои фоидаовар тайёр мешаванд.
- Лосон барои ҳимоя аз офтоб
- Лосони хушбӯй кунанда.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]- Одеколон
- Сирко барои ҳоҷатхона