Jump to content

Риш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хашиёршо, яке аз шоҳони Ҳахоманишӣ

Риш (форсӣ: ریش‎) — мӯйҳои рӯй ва зери манаҳи мардон[1]. Риш дар ҳолати маъмул фақат бар рӯи мардон пас аз синни булуғ рушд мекунад[2]. Риш барои саломати пӯст бисёр муҳим аст ва ҳамчунин боис мешавад оби пӯст ба роҳатӣ хориҷ нашуд ва ин омил боиси ҷавон мондани пӯст мешавад. Албатта аз риш барои зебоии сурат ҳам истифода мешавад.

Одамони дарвари ибтидоӣ риши худро наметарошиданд. Қадимитарин васоили кӯтоҳ кардан (ва натарошидан) риш, ки то кунун ба даст омадааст, марбут ба 4000 сол пеш аст. Дар Мисри Бостон риш аҳамияти хоссе доштааст. Дар ҳудуди солҳои 3000 то 1500 қабл аз мелод дар Миср, абзор ва лавозиме ҳамчун нахи тило барои ороиши риш ба кор мерафтааст. Дар замони Искандари Мақдунӣ тарошидани риш дар Македония боб шуд[2].

Дар Эронзамин, нахустин бор тарошидани риш аз даврони Сосониён боб шуд. То пеш аз он, тарошидан риш барои мардон, навъе муҷозот маҳсуб мешуд.

  1. Риш чист? Маънои вожаи Риш(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 26 феврали 2018 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Beard(англ.). English Wikipedia (22 February 2018).