Лӣ Воннелл
англ. Leigh Whannell | |
| |
Таърихи таваллуд: | 17 январ 1977 (47 сол) |
Зодгоҳ: | Мелбурн, Австралия |
Шаҳрвандӣ: | Австралия |
Касб: | коргардони синамо, ҳунарпеша, филмноманавис, продюсери филм |
Корнома: | 2000 — то ҳол |
Самт: | филми тарснок, триллер, ҷиноӣ |
IMDb: | ID 1191481 |
thewordinthestone.com | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Лӣ Воннелл (англ. Leigh Whannell[1], тав. 17 январи соли 1977, Мелбурн, Австралия) — филмноманавис, ҳунарпеша, продюсер ва коргардони австралиягӣ, ки барои нақш дар филми "Saw" дар нақши Одам Фолкнер-Станҳейт шинохта шудааст ва инчунин дар филмҳои "Insidious" ҳунарнамоӣ намудааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Лӣ Ваннелл 17 январи соли 1977 таваллуд шудааст. Лӣ аз чорсолагиаш ҳикояҳо менавишт ва инчунин бо ҳикояҳои худ ҳамаро мафтун мекард. Аммо, оё вай орзу дошт, ки нависанда шавад, маълум нест, танҳо маълум аст, ки ӯро ҳузури шунавандагон ба худ ҷалб кардааст. Баъдтар вай ба навиштани тафсирҳо барои телевизион шурӯъ кард ва дар синни 18-солагӣ ба мактаби филмии Институти технологии шоҳигарии Мелбурн дохил шуд.
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳангоми таҳсил, Ваннелл бо Ҷеймс Ван вохӯрд ва ин мулоқот барои ӯ тақдирсоз шуд. Вай ба ҳайси мунаққиди синамо дар намоишҳои телевизионии австралиявӣ, аз ҷумла «Recovery» - и ABC кор кардааст. Вай дар филми "The Matrix Reloaded" нақши эпизодӣ дошт ва инчунин персонажи Enter Matrix -ро садо додааст.
Лӣ ва Ҷеймс Ван филмномаи филми "Saw" ва филми кӯтоҳи "Saw"-ро бар асоси пурраметражи "Saw" ба навор гирифтанд. Роҳбари онҳо аз дидани он чунон мутаассир шуд, ки филмро ба Ҳолливуд фиристод. Фиристод ва ҳатто фаромӯш кард. Пас аз чанд моҳ, мактубе омад, ки дар он Ван ва Ваннелл барои ба навор гирифтани филм аз рӯи сенарияи онҳо даъват карда шуданд.
Пас аз муваффақияти қисми аввали филм, Лӣ мехост, ки аз кори минбаъда даст кашад, аммо ба васваса дода шуд. Ин буд, ки "Saw II" рӯ навор баромад. Лӣ инчунин сенарияи "Saw III" -ро навишт, ки пас аз он дигар қисмҳои навбатии силслафилмро нанавишт, аммо продюсери онҳо монд. Лӣ, ки аллакай бо лоиҳаҳои худ, мустақил ва дар филмҳои дигар банд буд, фаъолияти худро пеш гирифт. Ҳамин тавр, соли 2007 филми "Dead Silence" ба намоиш даромад, ки вай дар якҷоягӣ бо Ҷеймс Ван кор кардааст. Соли 2008 онҳо дар якҷоягӣ бо Ҷеймс Ван филми кӯтоҳмуддати "Биҳишти сагон" -ро ба навор гирифтанд, ки дар он Лӣ Воннелл нақши асосӣ ва тақрибан ягона дорад.
Соли 2008, ҳунарпеша нақши асосиро дар филми "Dying Breed" -и Ҷодӣ Дуайер ва дар драмаи "The Pardon" соли 2009, ки Том Антон коргардонӣ кардааст, Ваннелл низ яке аз персонажҳои асосиро соҳиб шудааст.
Маълум аст, ки ҳангоми кор дар машҳуртарин маҳсули зеҳнии худ - "Saw" Лӣ Воннелл аз мигрен хеле азият кашид ва маҷбур шуд, ки табобат гирад. Эҳсосоте, ки дар якҷоягӣ бо беморӣ аз сар гузаронида шуданд, инчунин таассуроти одамоне, ки бо ташхисҳои даҳшатнок вохӯрданд, асоси кори нави Ваннелл - филми рентгенӣ шуданд.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 2009, Ваннелл бо ҳунарпеша Корбетт Так (ҷияни ҳунарпешаҳо Деннис ва Рандӣ Куэйд) издивоҷ кардааст. Моҳи марти соли 2013, духтари онҳо, Сабин Силвер Ваннелл таваллуд шудааст. 22 июли соли 2017, ҷуфт соҳиби дугоник Ҷонс Грей ва Рен Ривер шуданд.
Филмнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Филм
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Номгӯй | Коргардон | Нависанда | Продюсер | Шарҳҳо |
---|---|---|---|---|---|
2003 | Saw | Не | Ҳа | Не | Филми хурд; ҳаммуаллиф бо Ҷеймс Ван |
2004 | Saw | Не | Ҳа | Не | Ҳикоя ҳаммуаллиф бо Ҷеймс Ван |
2005 | Saw II | Не | Ҳа | Иҷроия | Ҳаммуаллиф бо Даррен Линн Боусман |
2006 | Saw III | Не | Ҳа | Иҷроия | Ҳикоя ҳаммуаллиф бо Ҷеймс Ван |
2007 | Dead Silence | Не | Ҳа | Не | |
2008 | Doggie Heaven | Не | Ҳа | Не | Филми хурд |
2010 | Insidious | Не | Ҳа | Не | |
2013 | Insidious: Chapter 2 | Не | Ҳа | Не | Ҳикоя ҳаммуаллиф бо Ҷеймс Ван |
2014 | Cooties | Не | Ҳа | Иҷроия | Ҳаммуаллиф бо Иэн Бреннан ва Ҷош C. Уоллер |
The Mule | Не | Ҳа | Иҷроия | Ҳаммуаллиф бо Хайме Браун ва Энгус Сэмпсон | |
2015 | Insidious: Chapter 3 | Ҳа | Ҳа | Не | Дебюти коргардонӣ |
2018 | Insidious: The Last Key | Не | Ҳа | Ҳа | |
Upgrade | Ҳа | Ҳа | Иҷроия | ||
2020 | The Invisible Man | Ҳа | Ҳа | Иҷроия | |
TBA | The Invisible Man | Ҳа | Ҳа | Ҳа | |
The Wolfman | Ҳа | Ҳикоя | Иҷроия | ||
Escape from New York | Не | Ҳа | Не | ||
2022 | Insidious: Chapter 5 | Не | Ҳикоя | Ҳа |
Танҳо истеҳсолкунандаи иҷроия
Нақшҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Номгӯй | Нақшҳо | Шарҳҳо |
---|---|---|---|
1996 | Neighbours | Стюарт Моган | 2 қисм |
1996–2000 | Recovery | Худаш | Силсилафилми ABC Music TV |
1999–2000 | Blue Heelers | Ҷаред Райан | 2 қисм |
2003 | Saw | Дэвид | Филми хурд |
The Matrix Reloaded | Аксел | ||
Razor Eaters | Ник Д. | ||
2004 | Saw | Одам Стэнҳайт | |
One Perfect Day | Крис | ||
2006 | Saw III | Одам Стэнҳайт | |
2007 | Death Sentence | Спинк | |
2008 | Dying Breed | Мэтт | |
2010 | Insidious | Спекс | |
Legend of the Guardians: The Owls of Ga'Hoole | Ҷетт | Овоз | |
2013 | The Pardon | Мосси Клемент | |
Crush | Дэвид | ||
Raze | |||
Insidious: Chapter 2 | Спекс | ||
2014 | Cooties | Даг | |
The Mule | Гейвин | ||
2015 | Insidious: Chapter 3 | Спекс | |
2017 | The Bye Bye Man | Лэррӣ | |
Keep Watching | Мэтт | ||
2018 | Insidious: The Last Key | Спекс | |
Aquaman | Халабони боркаш |
Телевизион
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Номгӯй | Нақшҳо | Шарҳҳо |
---|---|---|---|
TBA | Upgrade | Коргардон, Продюсери иҷрокунанда |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 17 январ
- Зодагони соли 1977
- Зодагони Мелбурн
- Ҳунарпешаҳо аз рӯи алифбо
- Коргардонҳо аз рӯи алифбо
- Филмноманависон аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешамардони синамои Австралия
- Филмноманависони Австралия
- Коргардонҳои Австралия
- Продюсерони Австралия
- Ҳунарпешаҳои мард асри XXI
- Филмноманависони асри XXI
- Продюсерони филмҳои асри XXI
- Коргардонҳои асри XXI