Австралия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Австралия
Commonwealth of Australia
Парчам Нишон
Шиор: нест
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Австралия|Advance Australia Fair ]]»
Рӯзи истиқлолият (аз Подшоҳии Муттаҳида)
Забони расмӣ de facto Забони англисӣ[1]
Пойтахт Канберра
Шаҳри калонтарин Сидней
Идораи давлат Монархияи Конститутсионӣ
Малика
Генерал-губернатор
Сарвазир
Елизаветаи II
Дэвид Ҳёрлӣ
Кевин Радд
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
6-ум ҷой дар ҷaҳон
7 686 850 км²
1 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2007)
  • Зичӣ
52-ум ҷой дар ҷaҳон
21 002 000
2,6 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2001)
  • Ба сари аҳолӣ
16-ум ҷой дар ҷaҳон
611 млрд. $
29 893 $
Пули миллӣ Доллари Австралия (AUD)
Интернет-Домен .au
Коди телефон +61
Соат UTC +8 … +10
^ статуси юридикӣ надорад

Австралия (англ. Australia) — қитъа дар Нимкураи ҷанубӣ (хурдтарин дар кураи Замин). Аз Шимол ба Ҷануб 3200 км (аз 10° 41′ арзи ҷанубӣ, димоғаи Ёрк то 39° 11′ арзи ҷанубӣ, димоғаи Ҷануби Шарқӣ) ва аз Ғарбу ба Шимол ба масофаи 4100 км (аз 113° 05′ тули шарқӣ, димоғаи Стип-Пойнт то 153° 34′ тули шарқи, димоғаи Байрон) тӯл кашидааст. Австралияро аз Ғарбу ва Ҷануб Уқёнуси Ҳинд, аз Шимол ва Шарқ баҳрҳои Уқёнуси Ором — Тимор, Арафур, Марҷон, Тасман иҳота кардаанд. Масоҳати Австралия 7631,5 ҳазор км² (бо ҷазҳои Тасмания, Кенгуру, Мелвилл ва ғайра 7704,5 ҳазор км²). Соҳилҳояш чандон ҳам каҷу килеб нест; дар Шимол халиҷи Карпентария, дар Ҷануб хал. Калони Австралия воқеанд. Нимҷаз. калонтаринаш Кейп-Ёрк. Қадқади соҳили шимолу шарқии Австралия бузургтарин дар ҷаҳон Рифи Калони Масдуд 2300 км тӯл кашидааст, ки он силсилаи ҷазҳои марҷонӣ мебошад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳанӯз Птолемей (асри 2) тахмин карда буд, ки дар Нимкураи ҷанубӣқитъае ҳаст ва онро Сарзамини Ҷанубии Номаълум номид. Австралияро сайёҳи голландӣ В. Янсзон кашф намудааст (1606). Австралияҳои 17 — 18 соҳилҳои Австралияро баҳрнавардони голландию англис Л. Торрес, А. Тасман, Ҷ. Кук ва дигар тадқиқ кардаанд (маконҳои кашфкардаашон мавсум ба номашон аст).

Релйеф[вироиш | вироиши манбаъ]

Қисми зиёди сатҳи Австралия ҳамвор, 95%-и он аз сатҳи баҳр то 600 м баланд аст. Аз ҷиҳати баландии миёна аз сатҳи баҳр (215 м) Австралия қитъаи пасттарини олам мебошад. Австралия ба се қисми калони орографӣ тақсим мешавад: 1) паҳнкӯҳи Австралияи Ғарбӣ (баландии миёнааш 400—500 м), ки бо кӯҳҳои баланд иҳота шудааст: аз Шимол — қаторкӯҳ-кӯҳҳои Масгрейв (кӯҳи Вудрофф, 1515 м) ва Макдонелл (кӯҳи Зил, 1510 м), аз Шимол — массиви Кимберли (баландиаш то 938 м), аз Ғарбу — қаторкӯҳи-кӯҳи Хамерсли (кӯҳи Брус, 1226 м), аз ҷанубу ғарбӣ- қаторкӯҳи-кӯҳи Дарлинг (кӯҳи Кук, баландиаш то 582 м); 2) пастии Марказӣ, дар ин ҷо бештар ҳамвориҳои аккумулятивии баландиашон аз сатҳи баҳр то 100 м вуҷуд доранд. Мавзеи кӯли Эйр (аз сатҳи баҳр 16 м паст) нуқтаи пасттарини Австралия ҳисоб меёбад. Дар самти ҷанубу ғарбӣ қаторкӯҳи-кӯҳи Флиндерс ва Маунт-Лофти воқеъ аст; 3) қаторкӯҳи-кӯҳи Бахшгоҳи Калон (кӯҳҳои Австралияи Шарқӣ, системаи кӯҳии калонтарини Австралия) — кӯҳҳои начандон баланди теғаҳояшон ҳамвор. Нишебиҳои шарқиашон ростфаромада, ғарбиашон ҳамвори зина-зина буда, ба теппазори наздикӯҳӣ — даунсҳо табдил меёбанд. Дар Ҷануб, дар Алпҳои Австралия, нуқтаи баландтарини Австралия — кӯҳи Костсюшко (2230 м) воқеъ аст. Релйефи ҳозираи Австралия асосан дар давраи токембрий шакл гирифта, пас чандон дучори табаддулоти тектоникӣ нашудааст. Минбаъд дар натиҷаи вайрон шудани кӯҳҳо ва аз ҷинсҳои таҳшин пур гаштани ҷойҳои фурӯхамидаи материк мунчакӯҳҳо боқӣ монда, ҳамвориҳои васеъ ба вуҷуд омадаанд. Ба ҷойи кӯҳҳои чиндори вайроншудаи палеозой қаторкӯҳи-кӯҳи Бахшгоҳи Калон пайдо шуд. Дар ҳамвории Налларбор, кӯҳҳои Кабуд, Алпҳои Австралӣ ва паҳнкӯҳҳои Баркли релйефи карстӣ вомехӯрад. Кӯҳҳои вулқонӣ дар қисми шарқии қитъа воқеанд.

Сохти геологӣ ва сарватҳои зеризаминӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Қисмҳои ғарбӣ ва марказии Австралияро платформаи давраи токембрий фаро гирифтааст, ки ҷинсҳои кристаллӣ ва метаморфии он дар Ғарб намудор буда, дар Шимол бо таҳнишастҳои кӯлу баҳрҳои эраҳои мезозою кайнозой пӯшидаанд. Канори шарқии Австралия аз минтақаи чиндори геосинклиналӣ иборат аст. Платформаи Австралия дар давраи токембрий аз материкҳои дигар ҷудо буд, дар эраҳои мезозой ва кайнозой бо ҷазҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ, Гвинеяи Нав ва Зеландияи Нав муддате пайваст шуд. Платформа ба туфайли равандҳои тектоникии геосинклиналҳои атроф чанд навбат қад-қади кафидаҳои қишри замин ба ҳаракат омада, дар натиҷа кӯҳҳои Австралияи Марказӣ, массиви Кимберли ва ғайра пайдо шуданд. Аз сабаби дар давраҳои навтарини геологӣ баланд шудани соҳилҳои Баҳри Тасман дар ҷойи кӯҳҳои ҳамворшуда қаторкӯҳи-кӯҳи Бахшгоҳи Калон ба вуҷуд омадааст ва Австралия намуди ҳозираи худро гирифтааст. Ноҳияҳои ҷанубу шарқии Австралия ва кӯҳҳои Тасмания дар аввали давраи чорумин (плейстосен) яхбандиро аз сар гузарондаанд. Кашфиёти геологии 10 — 15 соли охир қитъаро аз ҷиҳати захираҳо ва коркарди канданиҳои фоиданок дар ҷаҳон ба яке аз ҷойҳои аввал баровард (махсусан истихроҷи ангишт, боксит, сурбу синк). Австралия аз фосфорит ва маъданҳои полиметалл, оҳан, мис, уран, тило, волфрам бой аст. Дар Австралияи Шарқӣ конҳои калони ангишт ҳастанд. Аз регзори соҳилҳои шарқӣ ва ҷанубу ғарбӣ маъдани титан истихроҷ мекунанд. Дар таҳнишастҳои баҳрии давраҳои гуногун конҳои нефт (дар штатҳои Уэлси Нави Ҷанубӣ ва Квинсленд, дар Шимоли қитъа), газ (кони калонтарини Ранкен), хром (дар ғарб) кашф шудаанд. Аз конҳои сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, графит, намакҳои калий ва опал низ бой аст. Иқлим. Австралия хушктарин қитъаи олам аст. Ҳангоми хушксолӣ дар он сӯхторҳо ба амал меоянд. Ҳудуди Австралия ба се минтақаи иқлимӣ тақсим мешавад: қисми зиёдаш (байни 20° — 30° арзи ҷанубӣ) иқлими тропикӣ, дар шимоли он субэкваторӣ, дар ҷануб субтропикӣ. Ҳарор. миёнаи январи (тобистон) аз 28°С дар шимол то 20°С дар ҷануб, июл (зимистон) аз 20°С дар шимол то 12°С дар ҷануб. Дар ноҳияҳои гармтарин (Марбл-Бар ва биёбони Симпсон) ҳарор. январ аз 40°С боло мебарояд. Зимистон ҳарор. пасттарин дар ноҳияҳои дохили материк — 4°С, — 6°С; танҳо дар Алпҳои Австралия то — 22°С сард мешавад. Бориши солона дар 38 % масоҳаташ Австралия камтар аз 250 мм аст. Дар гӯшаҳои шимол ва шарқии Австралия бориши солона бештар буда, ба 1500 мм (дар Кэрнс 2242 мм) мерасад, вале минбаъд ба сӯи маркази материк кам шуда меравад (250—300 мм) ва боз дар қисмҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқӣ то 800—1000 мм меафзояд. Шимолтар аз хати Сидней — дар Димоғаи Шимоли Ғарбӣ борон тобистон (декабр — феврал) ва дар Ҷ. зимистон (июн — август) меборад. Ба туфайли бодҳои сернам (пассатҳо), ки ҳам аз Шимол, ҳам аз Ҷануб мевазанд, дар қисми марказии Австралия хушксолӣ дер давом намекунад. Даҳсолаи охири садаи XX дар болои Австралия «рахнаи озонӣ» мушоҳида мешавад, ки сабабгори ангезиши бемории меланома (байни аҳолии сафедпӯст) гардидааст.

Обҳои дохилӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Австралия дарёю кӯлҳо каманд. Ҳаҷми миёнаи солонаи оби аз нишебиҳои Бахшгоҳи Калон ҷории дарёҳо ҳамагӣ 350 км3 мебошад. 10 % масоҳаташ Австралия ба ҳавзаи Уқёнуси Ором, наздики 30 % ба ҳавзаи Уқёнуси Ҳинд тааллуқ дорад. Дар 60 % масоҳ. ҳавзаи дохилӣ д-ҳои муваққатӣ — крикҳо вомехӯранд, ки танҳо аз боронҳои сел ташкил мегарданд. Дарёҳои пуроб, киштигард, вале кӯтоҳ Фитсрой, Бердекин, Хантер мебошанд, ки ба б. Марҷон ва Баҳри Тасман мерезанд. Дарёҳое, ки аз кӯҳҳо сар шуда ба уқёнус мерезанд, низ кӯтоҳ буда, низоми обашон номунтазам аст; дарёи Кларенс 100 км ва дарёи Хоксбери 300 км ҷойи киштигард доранд. Муррей (2570 км) ва шохобҳои он Дарлинг (2740 км) ва Маррамбиҷӣ (2172 км) дарёҳои калонтарини Австралия ҳисоб мешаванд. Ин дарёҳо дар аввали тобистон, вақте ки дар кӯҳҳо барф об мешавад, пуроб буда, ҳангоми гармои сол хеле камоб мешаванд ва ҳатто шакли кӯлмакҳоро мегиранд. Танҳо Мурей ва Маррамбиҷӣ доимо ҷорианд. Қариб дар ҳамаи дарёҳо барои обёрии кишту чарогоҳҳо дарғоту обгирҳо сохта шудаанд. Кӯлҳои калони шӯр — Эйр, Торренс, Герднер, Амадиес дар ноҳияҳои биёбонӣ воқеанд. Онҳо сатҳи доимӣ ва резишгоҳ надоранд. Аксаран мехушканд ва аз худ таҳшини намакӣ (то 1,5 м) мегузоранд. Баъзеи онҳо ба ботлоқ табдил меёбанд. Австралия обҳои зеризаминии фаровон дорад (15 ҳавзаи артезианӣ). Ҳавзаи калони артезиании пастии Марказӣ (1736 км²) дар ҷаҳон калонтарин аст. Дар таркиби обҳои зеризаминӣ намакҳои минералӣ зиёданд. Ин обҳоро асосан дар саноату нақлиёт, обшор гардондани дашту биёбон ва чарогоҳҳо истифода мебаранд. Дар обҳои ширгарми назди соҳилҳои Австралия моҳидорӣ ва шикори ҳайвоноти баҳрӣ (садафаки хӯрданӣ, трепангҳо, инчунин парвариши тимсоҳ ва моллюски марворид) ба роҳ монда шудааст. Моллюскҳои дар обҳои нарми соҳили шимолии Австралия, дар шароити махсус парваридашуда марворидҳои калон-калон ҳосил мекунанд, ки дар бозори ҷаҳон арзиши гарон доранд.

наботот[вироиш | вироиши манбаъ]

Австралия олами набототи махсус дорад. Тақрибан 75%-и (аз 12 ҳазор 9 ҳазор) намуди рустаниҳо эндемианд, яъне рустаниҳое, ки танҳо дар Австралия мерӯянд. Қисми зиёди Австралияи Ғарбӣ аз биёбонҳои регзору санглох (биёбонҳои Калони Регзор, Виктория, Гибсон) иборатанд ва дар онҳо фақат гиёҳҳои хӯшадор мерӯянд. Шӯрзаминҳою заминҳои бӯрхок ва бӯри сурхчатоби нимбиёбонҳоро бештар хорбуттаҳои зич (скрэбҳо) фаро гирифтаанд. Баробари афзудани бориш канораҳои нимбиёбонҳо ба минтақаҳои саваннаю бешаҳои тунук табдил меёбанд, ки хокашон сурх, дорчинии сурхчатоб ва дар Шарқ тирахоки тропикианд. Канорҳои материк (ба ғайр аз Ғарб) бешазор буда, дар Шарқ ва Шим. Шарқ бешаҳои тропикии ҳамешасабз (бо омехтаи набототи хоси ҳиндумалайӣ), ҷанубтар аз 26° арзи ҷанубӣ бешаҳои субтропикӣ вомехӯранд. Хоки бешаҳо турш ва бӯри хокистарии бешагӣ аст; хоки сурх ва зард низ вомехӯрад. Бешаҳо (асосан эвкалипт) қариб 6%-и масоҳати Австралияро пӯшидаанд. Эвкалипт чӯбаш сахт аст ва аз он равған, моддаҳои даббоғӣ мегиранд. Саваннаҳою бешаҳои сирак чун чарогоҳ истифода мешаванд. Дарахтҳои суккулентӣ — сероби обгина ё суроҳишакл мерӯянд, ки решаҳояшон аз 10 то 30 м чуқур рафта, обро меҷаббанд ва ба фазо паҳн мекунанд.

Олами ҳайвонот[вироиш | вироиши манбаъ]

Австралия. минтақаи зоо­географии хос аст. Дар он 235 намуд ширхорагон, 720 намуд паранда, 420 намуд хазанда ва 120 намуд обхокиҳо мавҷуданд. Дар ин ҷо бисёр намудҳои ҳайвонот ҳастанд, ки дар дигар материкҳо вонамехуранд. Масалан, аз халтадорон — кенгуру, хирси коала, вомбатҳо; аз ширхорони одии тухмзо — ехидна, мурғобинӯл; моҳии дубаҳра — серадот; аз парандаҳо — шутурмурғи эму, казуар, барбатдум, тӯтии какаду, қуи сиёҳ ва ғайра мавҷуданд. Тимсоҳ, калтакалосу морҳои заҳрнок бисёранд. Саги динго яке аз намудҳои нодири ширхорҳои олӣ аст. Ҳайвонҳои хонагӣ ва савориро (хук, заргӯш, шутур ва ғайра) ба Австралия европоиҳо ва муҳоҷирони кишварҳои дигар овардаанд.

Ноҳияҳои табиӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз рӯи шароити табиӣ Австралия ба се ноҳияи калон тақсим мешавад: 1) Паҳнкӯҳи Австралияи Ғарбӣ — аз ҷинсҳои қадимӣ иборат буда, релйефаш дар натиҷаи денудатсияи дурудароз ба вуҷуд омадааст. Ландшафташ биёбонӣ ва нимбиёбонии тропикӣ. Қисми марказиаш тамоман беоб аст. 2) Пастии Марказӣ — аз халиҷи Карпентария дар Шимол то халиҷи Калони Австралия дар Ҷануб тӯл мекашад. Ҳамвориҳои аккумулятивии он аз таҳнишастҳои баҳр ва кӯл таркиб ёфтаанд. Аз канораҳо то ноҳияҳои марказӣ иқлим батадриҷ континентӣ шуда, ландшафти бешаҳои тунук ва саваннаҳо ба нимбиёбонҳою биёбонҳо иваз мешаванд. 3) Қ-кӯҳи Бахшгоҳи Калон — оббахши асосии дарёҳо ва муайянкунандаи иқлими Австралия буда, ландшафташ асосан бешазори кӯҳист. Масоҳати бешаҳо торафт кам мешаванд. Вақтҳои охир ҳангоми ҷангалбарқароркунӣ на дарахтҳои маҳаллӣ, балки намудҳои аз дигар кишварҳо овардашударо мешинонанд. Нигар низ Иттифоқи Австралия.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Физическая география частей света, М., 1963; Вопросы геологии Австралии, М., 1965; Свет Я. М., История открытия и исследования Австралии и Океании, М., 1966; Мухин Г. И., Австралия и Океания, 2-е изд., М., 1967; Дроздов Н. Н., Полёт бумеранга, М., 2001; Новая Российская Энциклопедия, т. 2, М., 2005; Страны мира, М., 2008.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]